Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар даври ҳаштуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон аз тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ 14-уми май дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе баргузор шуд. Голи ҳалкунандаро ҳамлагари ҳисориҳо – Худойдод Нусратов дар нимаи дввуми дидор, дар дақиқаи 63-юм ба самар расонд.

Дар зимн, ин голи чаҳоруми Нусратов ба ҳисоб меояд. Габриэл Донто (“Энергетик”) низ чаҳор гол задааст.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”), ки ҳар кадом 5 гол задааст, пешқадаманд.

Пас аз пирӯзӣ бар ССКА “Помир” тими “Шодмон” бо 7 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои 8-ум баромад. Вале ССКА “Помир” бо вуҷуди бохт мавқеашро бо 12 имтиёз дар зинаи чаҳорум нигоҳ дошт.

Ёдовар мешавем, се бозии даври ҳаштум, ки 13-уми май барпо гашта буд, бо чунин натиҷаҳо поён ёфт:

“Гвардия” (Душанбе) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – 2:3

“Вахш” (Қӯрғонтеппа) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:1

“Равшан” (Кӯлоб) - “Энергетик” (Душанбе) – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Дастаҳо:

Б

Ғ

М

Б

Т

И


1. "Равшан"

8

6

1

1

14-4

19

2. "Истиқлол"

6

5

1

0

13-1

16

3. "Хайр"

6

4

2

0

10-2

14

4. ССКА “Помир”

6

4

0

2

12-7

12

5. "Регар-ТадАЗ"

7

4

0

3

14-10

12

6. “Энергетик”

7

3

1

3

9-10

10

7. "Хуҷанд"

7

2

2

3

5-10

8

8. "Шодмон"

8

2

1

5

10-14

7

9. “Гвардия”

7

1

2

4

6-14

5

10. "Вахш"

7

1

0

6

6-10

3

11. "Парвоз"

7

1

0

6

5-22

3



Бозиҳои даври нӯҳум:
17-уми май (сешанбе)

“Хуҷанд” - “Равшан”

18-уми май (чаҳоршанбе)

“Шодмон” - “Гвардия”
“Регар-ТадАЗ” - “Хайр”
“Энергетик” - ССКА "Помир"
"Парвоз" - "Вахш"

Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG