Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари сенатор Ҷон Каррӣ ба Кобул ва Исломобод


Сенатори Иёлоти Муттаҳида, Ҷон Каррӣ, дар роҳи сафар ба Покистон аз Афғонистон дидан кард. Сафорати Амрико дар Кобул бо сабабҳои амниятӣ аз эҳтимоли ин сафар хабар надодааст. Кохи Сафед мегӯяд, ҳадаф аз сафари сенатор ба Исломобод як навъ тармими робитаҳои Амрико ва Покистон пас аз сардиест, ки зимни рейди нреӯҳои амрикоӣ ба Исломобод барои қатли раҳбари Ал-Қоида, Усома бин Лодин ба миён омад. Баъд аз ин рейд ин нахустин сафари як намояндаи аршади Амрико ба Покистон аст. Сенатор Ҷон Каррӣ раҳбари Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрикост.
XS
SM
MD
LG