Пайвандҳои дастрасӣ

Номзади президентии Беларус ба 5 соли ҳабс маҳкум шуд


Андрей Санников

Андрей Санников

Додгоҳи Беларус раҳбари мухолифон Андрей Санниковро бо иттиҳоми ташкили тазоҳуроти пасоинтихоботӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ин дар ҳоле буд, ки додситон барои ӯ 7 соли ҳабсро талаб мекард. Додситонҳо мегӯянд, навори видеое ба муҳокима пешниҳод шудааст, ки дар он номзади собиқи интихоботи президентии Беларус ва рақиби президент Аляксандр Лукашенко мардумро ба гирдиҳамоӣ дар хиёбонҳо даъват мекард. Дар тазоҳуроти зидди тақаллуб дар интихоботи президенти моҳи декабри соли гузашта ҳазорон нафар ширкат карданд. То ҳол зиёда аз даҳ сеҳраи сиёсӣ бо иттиҳоми ташкил ё ширкат дар ин тазоҳурот баро муддатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG