Пайвандҳои дастрасӣ

Ба 60 тан ҷавони афғонӣ шаҳодатномаи Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ тақдим шуд.

Ба гуфтаи нахустин фориғутаҳсилин, онҳо барномаи хазинадорӣ ва ё технологияи муҳосибиро, ки ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва ҳамчунин забони англисӣ барои коргузории расмиро аз худ намуда, акнун метавонанд ба ҳайси мутахассис донишу малакаи хешро дар муассисаҳои давлатӣ ва тиҷоратии кишварашон истифода кунанд.

Дар байни фориғуттаҳсилин 14 нафарашон бонувон ҳастанд. Ба гуфтаи Ҳамоса Наҷд, намояндаи идораи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон, ҷалби бештари занон ба муассисоти таълимӣ, нишонаи тағъйир кардани муносибат ба зан дар кишварашон мебошад.

Дар ин маросим ҳамчунин ба омӯзгорони Дорулмуаллимини вулусволии Шуғнони Афғонистон, ки дар барномаи бозомӯзии омӯзгорони забони англисӣ ва компютер дар кишварашон ширкат меварзиданд, шаҳодатнома дода шуд. Аз рӯи барномаи Дорулмуаллимин, дар вулусволии Шуғнон 204 омӯзгор бозомӯзӣ дидааст.

Айни ҳол 30 донишҷӯи дигари афғонӣ аз рӯи ихтисосҳои сохтмончӣ дар мактаби техникии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ таълим мегиранд.

Барномаи тадрис ва соҳиби ихтисос шудани муассилини афғонӣ дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар Хоруғ бо кӯмаки молии Оҷонсии байнилмиллалии рушди Амрико амалӣ гардидааст.

Садри Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Богдан Кравченко гуфт, ки соли 2012 Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар шаҳри Файзободи Афғонистон таъсис ёфта, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ бо анҷоми сохтмони он дар соли 2016-ум, дари худро бар рӯи толибилмон мекушояд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум аз тарафи ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Оғохон- IV таъсис ёфтааст. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳ маросими панҷуми хатми таҳсилро баргузор мекунад. Тайи ин муддат дар ин ҷо бештар аз 14 ҳазор нафар омӯзиш диданд.

Дар маросими хатм, ки дар театри Хоруғ баргузор ва бо барномаи ҷолиби фарҳангии муҳассилини ду соҳили дарёи Панҷ анҷом ёфт, сафирони Амрико, Фронса, Русия ва намояндагии Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG