Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои фиристодаи Обама дар умури Ховари Миёна


Ҷорҷ Митчелл
Ҷорҷ Митчелл
Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, истеъфои фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна, Ҷорҷ Митчеллро пазируфт. Митчелл, ки миёнарави муваффақи сулҳи Ирландияи Шимолӣ буд, рӯзи ҷумъа истеъфои худро эълом дошт. Ин истеъфо пас аз талошҳои беҳосили эҳёи раванди сулҳ дар Ховари Миёна ба вуқӯъ мепайвандад. Бо вуҷуди оғози гуфтушуниди ғайримустақими Исроил бо фаластиниҳо дар соли гузашта, раванди сулҳ пас аз сарпечии Исроил аз идомаи шаҳраксозӣ дар қаламравҳои ишғолӣ ва оштии ҷиноҳи ҳокими фаластиниҳо бо ҷунбиши ситезаҷӯи Ҳамос ба бунбасти комил ворид гашт.
XS
SM
MD
LG