Пайвандҳои дастрасӣ

Украина ду дипломати чехро ихроҷ кард


Украина ду корманди бахшии низомии Сафорати Ҷумҳурии Чехро бо иттиҳоми фаъолиятҳои «ғайридипломатӣ» ихроҷ кард. Мақомоти украин ин дипломатҳоро ба ҷамъоварии асрори давлатии кишвари хеш айбдор мекунанд. Ҷмуҳурии Чех бо додани паноҳгоҳи сиёсӣ ба вазири пешини Украина, Боҳдан Данилишин, ки Киев ӯро ба суистифода аз мақоми давлатӣ айбдор мекунад, дар моҳи январ хашми Украинаро барангехта буд.
XS
SM
MD
LG