Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи ҷавонон оғоз меёбад


Дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони кишвар, ки 23-юми май ҷашн гирифта мешавад, Ҳафтаи ҷавонон оғоз ёфт. Имсол маҳфилу барномаҳои таҷлил зери шиори «Мо ватандорем!» ҷараён мегирад. Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон бо як раҳпаймоии густарда дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе оғоз ёфта, бо ифтитоҳи расмии ҳафта дар Кохи Борбад идома мекунад. Барномаи Ҳафтаи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷамъомаду озмунҳо, намоишгоҳи осори наққошони ҷавон, ҷашнвораи таронаҳои ҳарбӣ ва чораҳои хайрия иборат хоҳад буд. Ҷавонон дар Тоҷикистон наздик ба 70 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, аммо бахши аъзами онҳо дар Русия ва кившарҳои дигар бо мардикорӣ машғуланд.
XS
SM
MD
LG