Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии «Истиқлол» дар нахустин бозияш дар Мянмар


Қаҳрамони лигаи олии Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, рӯзи ҷумъа дар рақобатҳо барои Ҷоми раиси Федерасюни футболи Осиё ба дастаи фаластинии «Ҷабал ал-Мукабир» бо ҳисоби 2:0 пирӯз омад. Ин нахустин бозии дастаи Тоҷикистон дар ин сабқати соли 2011 буд. Тӯби аввалро дар қисми дувуми бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расонд, тӯби дувумро ба дарвозаи фаластиниҳо Иброҳим Рабимов дар ҳоле зад, ки яке аз бозигарони «Истиқлол» аз бозӣ ихроҷ гашта буд. Рӯзи якшанбе «Истиқлол» бо дастаи «Йидзиин»-и Бутан қувваозмоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG