Пайвандҳои дастрасӣ

Иёлоти Муттаҳида аз идомаи саркӯб шудани тазоҳурот дар Сурия изҳори хашм кардааст. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ин ҳол имкониятҳои Димишқро «ба ягон кӯшиши расидагии қонунӣ ба ормонҳои мардум» маҳдудтар мекунад. Рӯзи ҷумъа пас аз намоз дар масоҷиди ҷомеъ аз нав ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехтанд ва шиор заданд, ки мардум режимро сарнагун хоҳад кард.Дар ин байн, бино бар хабарҳо артиши Сурия бо истифода аз тонкҳо ба чанд шаҳри дигари ин кишвар ворид шуданд ва дар тазоҳуроти рӯи ҷумъа дар ин кишвар се нафари дигар кушта ва даҳҳо тан захмӣ гаштаанд.
XS
SM
MD
LG