Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Покистон имрӯз талаб кард, ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар қаламрави Покистон хотима гузошта шавад. Он ҳамчунин таҳқиқи мустақили рейди нерӯҳои вижаи Амрико барои қатли бин Лодинро роҳи пешгирӣ аз такрори чунин ҳамлаҳо номид. Намояндагони порлумони Покистон ҳамчунин гуфтаанд, агар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико қатъ нашавад, Исломобод бояд масъалаи хуруҷи ниҳодҳои икмолотии НАТО-ро талаб кунад. Бино ба гуфтаи хабаргузории Франс-Пресс, ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар соли гузашта дар Покистон ду баробар афзуда, бар асари онҳо 670 нафар кушта шудаанд. Дар як чунин ҳамла дар минтақаи қабиланишини Вазристони Шимолии ҳаммарз бо Афғонистон рӯзи ҷумъа се ситезаҷӯ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG