Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико шӯришиёни Либияро ба расмият нашинохт


Маҳмуд Ҷибриил, сарвазири Шӯрои Миллии Гузори Либия.
Маҳмуд Ҷибриил, сарвазири Шӯрои Миллии Гузори Либия.
Иёлоти Муттаҳида шӯришиёни Либияро ба расмият нашинохт, аммо онҳоро тарафи «қонунӣ ва мӯътамад»-и дипломатӣ эълон кард. Раҳбари дувуми Шӯрои Миллии Гузори Либия, Маҳмуд Ҷибриил дар Кохи Сафед бо раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама мулоқот кард ва тарҳи мухолифонро дар бораи ояндаи Либия пас аз суқути режими Қаззофӣ муаррифӣ намуд. Мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, Том Донилон гуфт, дар ин дидор масъалаи эътирофи расмии мухолифони Либия низ матраҳ шуд. Дар ин байн, додситони Додгоҳи байнулмилалиии ҷиноӣ, Луи Морено-Окампо гуфт, дастури ҳабси чанд мақоми расмии Либияро барои «ҷиноятҳои зиддибашарӣ» имзо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG