Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб пас аз пирӯзӣ дар даври ҳаштуми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон дар майдони худ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи аввал баромад.

Ҳар ду голро Фозил Сатторов ва Индус Ҳусейнов дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд.

Ду бозии дигар бо чунин натиҷаҳо анҷом пазируфт:

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)- 0:1 (голро Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи шашум) зад.

«Гвардия» (Душанбе)-Парвоз (Бобоҷон Ғаффуров)-2:3

Бозии дигари даври ҳаштум 14-уми май миёни дастаҳои ССКА “Помир” (Душанбе) - "Шодмон" ( Ҳисор) баргузор мешавад.

Ба ин тартиб «Равшан» бо 19 имтиёз аз ҳашт бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

«Истиқлол»-и Душанбе, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 16 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. «Хайр»-и Ваҳдат бо 14 имтиёз аз шаш бозӣ дар ҷои саввум аст. Дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» то ҳоло бохт надоранд. «Парвоз» нахустин пирӯзӣ ба даст овард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар - Мирзобек Мирзоев ("Хайр"), Комил Саидов (ССКА "Помир”) ва Фозил Сатторов ("Равшан") панҷ голӣ задаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG