Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии сатҳи таваррум дар Тоҷикистон


IMF Тоҷикистонро огоҳ кард, ки афзоиши нархҳо ба таваррум дар Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт.

Ари Айзен, намояндаи доимии Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон мегӯяд, ки болоравии қимати сӯхт ва маводи ғизоӣ боиси боло рафтани сатҳи таваррум дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Айзен Тоҷикистон бояд
Бояд дарк намуд, ки қабл аз ҳама мо дар рӯбарӯи зарурати як ислоҳоти ҳатмии қабл аз ҳама сиёсӣ қарор дорем. Аммо агар дар ин самт ҳеҷ коре анҷом нашавад, вазъ бадтар хоҳад шуд...
муроқиби қиматҳо дар бозори маводи сӯхти Русия бошад. Зеро афзоиши нархи ин мавод дар бозори Русия боиси афзоиши қимати он барои Тоҷикистон ва ҳамин тавр мунҷар ба боло рафтани сатҳи таваррум хоҳад шуд.

Вай мегӯяд: «Ҳарчанд пешбиниҳои мо усулан бештар аз ин мизон аст, мо интизор дорем, ки то поёни сол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар ҳудуди 10 дарсад ҳифз хоҳад шуд. Барои танзими ин кор муҳим аст, бидонем, ки кай дар бозори ғизо ва нафт қиматҳо ба эътидол меояд. Аз ҷумла бисёр муҳим аст, ки мутаваҷҷеҳи бозори маҳсулоти нафтии Русия бошем, зеро он ба сурати мустақим ба қиматҳо дар бозори Тоҷикистон таъсиргузор аст.»

Ҷаноби Айзен, намояндаи СБП, ҳамчунин гуфтааст, ки ин ниҳоди молии байналмилалӣ тасмим гирифтааст, 21 милион доллар дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор диҳад. Ин маблағ барои дастирии буҷаи давлатӣ масраф хоҳад шуд.

Намояндаи СБП ҳамчунин гуфтааст, ки бо вуҷуди дастовардҳои молӣ, бонкҳои Тоҷикистон дар баробари таконҳои эҳтимолӣ ҳамчунон осебпазир боқӣ мондаанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки Тоҷикистон дар муқобили афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва маҳсулоти нафтӣ чӣ имконоте дорад ва чӣ роҳҳоеро барои ҷилавгирӣ аз болоравии сатҳи таваррум ва эҳтимоли бӯҳрони амиқтари иқтисодӣ ва молӣ пеш хоҳад гирифт? Ва ҳукумати Тоҷикистон чӣ имконоти амалие феълан дар ихтиёр дорад, ки аз таваррум ва бӯҳрони эҳтимолӣ ҷилавгирӣ кунад.

Зафар Абудлоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, усули пазируфташудаи муқобила бо таваррум равнақ додани бозори дохилӣ ва хоса рушди соҳибкории хурду миёна ба манзури таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва бениёз сохтани бозор аз воридот аст. Аммо дар Тоҷикистон акси ин ҳол мушоҳида мешавад ва воридот рӯ ба афзоиш аст. Ва ҳалли ин масъала кори тӯлоние аст. Талошҳои иқтисодии замонӣ дар ин росто муассир нахоҳанд буд.

«Бояд дарк намуд, ки қабл аз ҳама мо дар рӯбарӯи зарурати як ислоҳоти ҳатмии қабл аз ҳама сиёсӣ қарор дорем. Дар иқтисод мо ҳоло чизеро ҳал карда наметавонем. Аммо бо истифода аз аҳромҳои сиёсӣ ва эҳтимоли мавҷи нави бӯҳрони иқтисодӣ оғоз бахшидани бозсозӣ ва таҷдиди низоми сиёсӣ танҳо роҳи мумкин барои Тоҷикистон аст. Аммо агар дар ин самт ҳеҷ коре анҷом нашавад, вазъ бадтар хоҳад шуд.»

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ҳоло бо оҳистагӣ вориди бӯҳрони бензин ва гӯшти гов шудааст. Коршиносон мегӯянд, ин ҳоло оғози як бӯҳрони шадиди маҳсулоти нафтӣ ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон аст.

Русия ба дархости Тоҷикистон дар мавриди лағви боҷи воридотӣ аз маводи сӯхт, посухи рад додааст. Аз аввали моҳи май Русия боҷи воридотии бензин ба Тоҷикистонро 44 дарсад боло бурд ва акнун ҳар тона бензин барои Тоҷикистон ба ҷои 243 доллари як моҳи пеш 408 доллар тамом хоҳад шуд.

Аммо бо истифода аз захираҳои давлатӣ ҳукумати Тоҷикистон тавонистааст, қимати бензинро дар ҳудуди 5-6 сомонӣ нигаҳ дорад, вале захираҳо беҳудуд нест ва имкони афзоиши нархи бензин то 10 сомонӣ тахмин мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз нагуфтааст, ки тарҳи муқобила бо пайомадҳои ин бӯҳрони ногузир ва ҳатмиро дорад ё не.
XS
SM
MD
LG