Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон гузориши Афви байналмилал дар робита ба вазъи ҳуқуқи башарро аз воқеият дур меҳисобанд.

Созмони мазкур Тоҷикистонро дар се маврид - эъмоли шиканҷа болои муттаҳамин ва бадрафтории маъмурини зиндонҳо бо маҳкумшудаҳо, афзоиши фишори давлат болои расонаҳои мустақил ва ниҳоят номуассирии иқдомоти давлат дар амри коҳиши мавориди хушунат алайҳи занҳо интиқод кардааст.

ТОҶИКИСТОН ДАР ГУЗОРИШИ АФВИ БАЙНАЛМИЛАЛ

Ба навиштаи ин созмон, масъулини ниҳодҳои интизомӣ бо афроди боздоштшуда ва зиндониён бадрафторӣ карда ҳуқуқҳои онҳоро поймол мекунанд. Ин созмон аз мавридҳои мушаххасе ёдоварӣ кардааст, ки дар Тоҷикистон ба ҳангоми пурсиш дар боздоштгоҳ аз шеваҳои ғайриқонунӣ аз ҷумла зӯроварӣ тавассути қувваи барқ кор гирифта мешавад.



Барои мисол Созмони Авфи Байналмилал, қазияи Неъматулло Бӯтақозиев, як шаҳрванди ӯзбактабори Қирғизистонро мисол овардааст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дастгир ва ба гуфтаи худаш аз тарафи маъмурони амниятӣ шиканҷа шуд. Ҳамчунин қазияи Илҳом Усмонов, як сокини ноҳияи Хуҷандро мисол овардааст, ки 3-юми ноябр бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шуда ва 9 рӯз ҳаққи муошират бо касеро надоштааст ва дар он рӯзҳо ӯро ба нерӯи барқ монда ва ба баданаш оби доғ рехтаанд.

"ГУЗОРИШ БЕПОЯ АСТ"

Аммо Иззатулло Шарифов- муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» интиқодоти Афви байналмилалро бепоя хонд. Вай гуфт, ки ба ҳайси як масъули умури зиндонҳо итминон медиҳад, ки ҳеҷ гуна бадрафторӣ ва муносибати дағал бо зиндониҳо рух надодааст. Зеро ҳар яке аз онҳо инсонанд ва новобаста аз он ки ҷиноят содир кардаанд, ҳуқуқҳои онҳо ҳимоят мешаванд:

Дар гузориши «Вазъи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон дар соли 2010»-и созмони Афви байналмилал омадааст, ки дар Тоҷикистон матбуоти мустақил барои интиқоди ҳукумат мавриди таъқибу таҳдиди мақомот қарор гирифтааст. Дар ин арзёбӣ қазияҳои додгоҳии нашрияҳои мустақили “Озодагон”, “Миллат”, “Азия Плюс”, “Нигоҳ”, “Фараж” ва “Пайкон” ба унвони фишори мақомот болои матбуот зикр мешавад.

Аммо Мирзоолим Олимов- сухангӯи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ниҳоди нозир дар фаъолияти матбуот мегӯяд аз сӯи ҳукумат кадом фишоре болои расонаҳои мустақил ворид нашудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ баҳсҳои додгоҳии нашрияҳоро наметавон ҳамчун намунаи фишор таъкид кард, чаро ки ин як таҷрибаи роиҷ дар ҳамагуна кишвари демократӣ аст: «Вазорати
Нуриддин Қаршибоев
фарҳанги Тоҷиикстон ягон мартиба сарфи назар аз гоҳо ҳуқуқвайронкунӣ аз сӯи нашрияҳои мустақил монеи фаъолияти онҳо нашудааст. Фаъолияти ягон адади онҳоро ҳам қатъ накардааст. Вале баҳсҳое, ки бинобар норозигии тарафайн масалан нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тарафи додгоҳҳо ҳал мешаванд, маънои монеа эҷод кардани ҳукуматро надоранд. Ва ин як таҷрибаи оддӣ аст, ки дар тамоми давлатҳо роиҷ аст.»


"ФИШОРҲО БА МАТБУОТ ВУҶУД ДОРАД"

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ аз мавқеи созмони Афви Байналмилал дар робита ба талошҳои давлат барои таҳти назорат қарор додани фаъолияти нашрияҳои мустақил ҷонибдорӣ кард. Вай гуфт, ки мавҷудияти банди вобаста ба тавҳин ва тӯҳмат дар қонуни ҷазо имкон намедиҳад, ки хабарнигорони тоҷик рисолати касбии худро иҷро кунанд.
«Вазъ ба фикри ман ҳам беҳбуд наёфтааст. Зеро он ҳодисаҳое, ки дар соли 2010 бо матбуот рух доданд, боиси коҳиш ёфтани озодии матбуот дар Тоҷикистон гардиданд.»

Дар идомаи гузориши созмони Афви Байналмилал талошҳои давлати Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши хушунат алайҳи занон нокофӣ дониста шудааст. Ба ақидаи ин созмон ин зуҳурот дар Тоҷикистон ба як одати маъмулӣ табдил
Ойниҳол Бобоназарова
шуда ҳукумат низ муваффақ нашудааст занонро аз хушунати хонаводагӣ эмин нигаҳ дорад.

ХУШУТАН АЛАЙҲИ ЗАНОН

Ойниҳол Бобоназарова, яке аз мудофеони фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, барои бартараф кардани хушунат алайҳи зан шароити корро барои ӯ бояд фароҳам кард. Зеро дар бештари мавридҳо занҳо дар хонаводаҳое мавриди хушунат қарор мегиранд, ки нодору қашшоқ ва манбаи даромади ночиз доранд: “ Асосан хушунат дар хонаводаҳои камбизоат сар мезанад. Мушкилилоти иқтисодӣ боиси ин амал мегардад. Вақте мард занро мезанад ва мекӯбад ва чун ин зан ҳеҷ ҷойи кор ва ихтисосе надорад, маҷбур мешавад ин ҳамаро таҳаммул кунад. Аз ин ҷиҳат ҳукуматро зарур аст на натиҷа, балки сабабҳои хушунатро пайдо ва онҳоро бартараф намояд.»

"АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ БА НАЗАР ГИРИФТА ШАВАД"

Аммо Галия Рабиева, муовини раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар парлумони Тоҷикистон бо гузориши созмони Афви Байнулмилал мувофиқ нест ва мегӯяд давлат тамоми талошҳоро барои ҳифзи
Галия Рабиева- муовини раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар парлумони Тоҷикистон
ҳуқуқҳои занҳо ба харҷ медиҳад: «Албатта давлат талош дорад. Қонунҳо ва барномаҳоеро ҳам дар ин замина ба иҷро гузошта маблағ низ ихтисос додааст. Вале мо бояд барои бартараф кардани хушунат дар нисбати занҳо тарбиятро аз оила сар кунем. Вале аз тарафи дигар баъзе аз анъанаҳое ки мо дорем, масалан дар муносибати хушдоман ва келин, ки онҳоро ин созмонҳо ҳамчун нақзи ҳуқуқ медонанд.»

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмони Афви Байналмилал дар робита ба ҳуқуқи башар бидуни дар назар гирифтани шароит ва вазъи маҳаллӣ ва анъанаҳои миллӣ анҷом дода мешавад. Бо эътирофи бештари мавозини байналмилалӣ Тоҷикистон дар роҳи бунёди як ҷомеаи маданӣ ва мардумсолорӣ қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG