Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷумҳурии Босния бӯҳрони сиёсӣ рафъ шуд


Дар Ҷумҳурии Босния бӯҳрони сиёсӣ рафъ шуд, зеро раҳбарони серб аз ин ҷумҳурӣ аз раъйпурсӣ доир ба эътимоди мардум ба ниҳодҳои ҳукумати марказӣ даст кашиданд. Дар низоми идории Ҷумҳурии Боснӣ, Валентин Инзко, намояндаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад ва ҳоло ӯ миёни ӯ ва раҳбарони серб ихтилофоти амиқи назар ба вуҷуд омада буд, ки зоҳиран бо мусоидати Иттиҳодияи Аврупо рафъ шудааст. Дар раъйпурсии умумӣ аз сербҳои боснӣ пурсида мешуд, ки оё ба ниҳодҳои ҳукумати марказии Боснӣ эътимод доранд, ки кори аслии онҳо расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷинояткории созмонёфта ва фасодкорӣ аст. Дар ин раъйпурсӣ ҳамчунин аз онҳо пурсида мешуд, ки оё аз намояндаи байналмилалӣ ҳимоят мекунанд, ё на?
XS
SM
MD
LG