Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони Гаага ҷӯёи амри боздошти раҳбарони Либия


Луис Морено- Окампо, додситони Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят мегӯяд, рӯзи душанбе расман хоҳад хост, то амри боздошти се мақоми баландпояи Либияро содир кунад. Дар як баёнияи расмӣ ӯ гуфтааст, “зоҳиран масъулияти азими ҷиноят алайҳи башарият алайҳи он се нафар“ аст, ки дар ҷараёни тазоҳуротҳои зидди режими Муаммар Қаззофӣ содир шудаанд. Луис Морено-Окампо, номи ин афродро ошкор накард. Шӯрои Амнияти Созмони Милал, моҳи феврал амр дод, то бӯҳрони Либияро Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага баррасӣ кунад. Додгоҳ метавонад, дархости додситонро бипазирад, рад кунад ва ё аз он иттилоъоти изофӣ бихоҳад.
XS
SM
MD
LG