Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон ба порлумон ҳузури Бен Лоданро шарҳ медиҳад


Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Покистон имрӯз дар ҳузури вакилони мардумӣ доир ба бехабариаш аз ҳузури Усома Бен Лодан дар қаламрави кишвар ва амалиёти маҳви ӯ аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ гузориш диҳад. Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон ва мудири Хадамоти Ҷосусии Покистон паси дарҳои баста дар бораи ин масъала ба суолҳои вакилон посух хоҳанд дод. Кашфи Бен Лодан дар наздикии шаҳри Исломобод ва қатли аз тарафи нерӯҳои махсуси Амрико ба муносиботи ин кишвар бо Покистон латма зад ва бино ба гузоришҳо, Холид Шамим Виннӣ, раҳбари ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Покистон сафари ҳафтаи ояндааш ба Вашингтонро лағв кардааст.
XS
SM
MD
LG