Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонҳои Белорус барои Санникау 7 сол хостанд


Додситонҳои Белорус имрӯз аз додгоҳ хостанд, то Андрей Санникау, раҳбари мухолифинро бо иттиҳоми ташкили тазоҳуротҳои оммавии баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии гузашта ба 7 соли зиндон маҳкум кунад. Андрей Санникау, ки дар интихоботи рӯзи 19 декабр бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳур рақобат кард, худро бегуноҳ медонад. Баъди интихоботе, ки онро олуда ба тақаллуб медонанд, ҳазорон нафар ба кӯчаҳои Минск баромаданд ва дар ҷараёни он тазоҳурот, мақомоти Белорус даҳҳо нафар аз фаъолони мухолифинро боздошт карданд. Баъзе аз онҳоро додгоҳ барои ширкат дар тазоҳурот ба зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG