Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулияти ҳарду бомбгузорӣ дар наздикии академияи низомии Покистонро Толибон бар ӯҳда гирифтанд.

Бар асари ин ду ҳамлаи ба гуфтаи пулис маргталабона, дастикам 80 нафар ҷон бохта, беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таҳрики Толибони Покистон мегӯяд, ҳамлаҳо дар дар минтақаи Шабиқадри ноҳияи Чорсада,тақрибан 35-километрии шимолуғарби Пешоварро бо ҳадафи ҷустани интиқоми раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин анҷом додааст. Бин Лодин рӯзи 2 май дар натиҷаи як амалиёти нирӯҳои вижаи Амрико дар Аббатободи Покистон кушта шуд.

Ҳадафи ин ду бомбгузорӣ, бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои шибҳинизомии қабоил дар шимолуғарби Покистон – саҳнаи аслии рӯёрӯиҳои ҷангиёни марбут ба Толибону Ал-Қоида бо нирӯҳои амниятист.

Башир Аҳмад Булӯр, вазири аршади устони Хайбар-Пахтунхва гуфт, бар асари ин ҳамла 69 тан аз нирӯҳои шибҳанизомӣ ва 11 тан аз афроди мулкӣ ҷон додаанд. Ӯ афзуд, ҳамлаҳои Шабиқадр хунинтарин ҳамла дар Покистон пас аз бомбгузориҳои рӯзи 9-уми июли соли 2009 дар шаҳри бо Шабиқадр ҳамҷавори Мӯҳманд аст, ки 105 кушта ба ҷо гузошт. Дар асл, ин минтақа марбути сарзаминҳои қабиланишинест, ки Амрико макони Ал-Қоидааш медонад ва фармондеҳони Толибон ва гурӯҳҳои дигари исломгаро дар ин минтақаи дурдаст чандин бор таҳти шиллики ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико қарор гирифтаанд.

Маргталабон дар Шабиқадр аз ҷумла ба автобусе ҳамла оварданд, ки мебоист як гурӯҳи асокири тоза тамриндидаро мебурд. Ронандаи бар асари ҳамла ҷароҳатбардоштаи ин автобус ба Радиои Машъал, бахши паштуии махсуси Покистонии Радиои Озодӣ гуфт: “Аскарони ба воҳидҳои шибҳанизомӣ истихдомшуда бояд мерафтанд ва мо дар мошинҳои худ мунтазир будем, ки онҳоро бигирем, ки таркиш шуд. Ман ҳам аз дастам ҷароҳат бардоштам.”




Абдулвоҳид Шоҳ аз ҷумлаи асокире буд, ки дар академияи шибҳинизомии Шабиқадр таълим дида, низ бояд савори автобус мешуд. Ӯ ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки дар охирин лаҳза зарурате пеш омаду ба ҳуҷраи зисташ дар академия баргашт ва ба ҳамин далел ҷон ба саломат бурд: “Ман ҳамхидматонамро дар назди дарвоза дидам ва ба ҳуҷраам баргаштам. Тоза вориди ҳуҷра шудам, ки инфиҷор шуд. Мо ба берун шитофта, ба кашидани куштаҳову захмиҳо пардохтем. Мо онҳоро ба бемористон фиристода, худ ба ҷамъоварии хун сар кардем.”

Бино ба хабарҳо, маргталаби аввал савори мотосикл худро ба байни издиҳоми хатмкардагони давраи омӯзишии академияи шибҳинизомӣ зад ва тарконд. Мақомот мегӯянд, асокири ҳанӯз бетаҷруба дар маҳалли таркиши бомб ҷамъ шуда, ба иштибоҳ роҳ доданд, чунки чунин таҷаммӯъ онҳоро ба як тӯъмаи осон барои ҳамлагари дуввуми низ савори мотосикл табдил дод.

Ин ҳамла зоҳиран талафоти қобили мулоҳизае барои нирӯҳои шибҳинизомии қабоил шуд, ки дар манотиқи ҳошияи марзи Покистону Афғонистон алайҳи Толибон ва Ал-Қоида меҷангид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG