Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Сербистон аз СММ барои тафтиши парвандаи тарснок


Вук Йеремич
Вук Йеремич
Вук Йеремич, вазири умури хориҷаи Сербистон, аз Созмони Милал тақозо кард, то худаш таҳқиқи қазияи қочоқи аъзои бадани зиндониёни серб аз тарафи ҷудоихоҳони Косово дар низоҳъои соли 1999-ро раҳбарӣ кунад. Шӯрои Аврупо соли гузашта зимни гузорише гуфт, Ҳошим Тачӣ, пешвои Артиши озодихоҳи Косово ва ҳоло нахуствазир дар ин ҷиноятҳои мудҳиш даст дорад. Маъмурияти Иттиҳодияи Аврупо, бо ҳимояти ҳукумати Косово ба таҳқиқи ин қазия пардохтааст, аммо Вук Йеремич дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, беҳтар аст, то ин парвандаро Созмони Милал тафтиш кунад. Русия низ дар Шӯрои Амният аз мавқеъи ин шарики наздикаш ҳимоят кард.
XS
SM
MD
LG