Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муассиси "Орима" дар ӯрдугоҳи кори иҷборӣ


Маъруф Орифов дар муҳокимаи додгоҳӣ дар рӯзи 13 марти соли 2008

Маъруф Орифов дар муҳокимаи додгоҳӣ дар рӯзи 13 марти соли 2008

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Маъруф Орифов, муассиси нахустин шабакаи фурӯшгоҳ ва ё супермаркетҳои "Орима" дар кишвар бақияи ҳукми зиндонашро дар ӯрдӯгоҳи кори иҷборӣ сипарӣ хоҳад кард. Ба гузориши хабаргузории “Азия Плюс”, бар асоси Қонуни авфи соли 2009 сеяки ҳукми 8,5 соли зиндони Маъруф Орифовро кам кардаанд ва ӯ 2 соли боқимондаи зиндонро дар ӯрдӯгоҳи корӣ сипарӣ хоҳад кард. Парвандаи Маъруф Орифов, ки мақомоти интизомӣ ӯро бо гуноҳи ришвадиҳӣ ва саркашӣ аз пардохти молиёт ба 8,5 соли зиндон маҳкум карданд, аммо ӯ худро бегуноҳ медонад.
XS
SM
MD
LG