Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузориҳои хунин дар Покистон 80 нафарро кушт


Маҳалли ҳодиса, баъди бомбгузорӣ

Маҳалли ҳодиса, баъди бомбгузорӣ

Бар асари ду бомбгузории интиҳорӣ дар наздикии як пойгоҳи низомӣ дар шимолуғарби Покистон имрӯз 80 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса дар ин пойгоҳ сипоҳи шибҳанизомиёни Покистон дар маҳаллаи Шабқадар дар ноҳияи Чорсада ба вуқӯъ пайваст. Аксари қурбониёни сарбозони навомада будаанд. Шоҳ, яке аз шоҳидони ҳодиса мегӯяд:


"Ман ҳамкоронамро дар назди дарвоза дидам ва худам ба утоқ баргаштам. Бо ворид шуданам ба утоқ, инфиҷор ба вуқӯъ пайваст. Мо берун шитофтем ва ба ҷамъ овардани ҷасади қурбониёну маҷрӯҳонро шурӯъ кардем. Баъдан онҳоро ба инҷо ба шифохона овардем ва барои онҳо хун додем."

Толибони Покистон гуфтанд, ҳамлаи мазкур ниқор барои марги Усома Бен Лодан, раҳбари Ал-Қоида аст, ки аввали ҳамин моҳ аз тарафи нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG