Пайвандҳои дастрасӣ

Ниҳодҳои масъули шаҳри Душанбе фаъолияти бозори «Сомон», воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахтро қатъ намуданд.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, Хадамоти оташнишонӣ ва Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии шаҳри Душанбе ба мақсади ҷилавгирӣ аз сӯхторҳо ва ба талаботи беҳдоштӣ мувофиқ кардани бозор муваққатан онро бастаанд. Вай афзуд, баъд аз пурра ислоҳ шудани ин камбудиҳо, бозор дигарбора боз метавонад ба фаъолият шурӯъ кунад.

Шавкат Саидов гуфт: «Вобаста ба ин раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳри Душанбе дастур дод, ки дар ин муддат, яъне то ба фаъолият шурӯъ кардани бозор муваққатан соҳибкоронаш ба бозори ҳамшафати «Деҳқон», дигар бозорҳои шаҳр ё гӯшаҳои махсус барои деҳқонон ҷой карда шаванд.»



Дар ҳамин ҳол, Савринисо, аз соҳибкорони бозор мегӯяд, ки сабабҳои тасмими мақомот ӯро дар ҳолати ногувор қарор додааст: «Мо инро аз тақдир мебинем. Акнун маҷбурем, ки ба Русия равем. Ҷои дигар мегӯянд, ба гумон аст, ки шавад. Зеро ба соҳибкорони бозори «Саховат» ҳам чунин ваъда шуда буд. Роҳи беҳтарин - рафтан ба Русия аст.»

Раҳмон Исмоилов, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳадафи мақомот на бастани бозор, балки бехатар кардани он барои мардум аст. Ӯ афзуд, солҳои ахир дар бозорҳои пойтахт сӯхтори зиёд рух медиҳад, аммо қоидаҳои ҷилавгирӣ аз он дар бозори «Сомон» риоя намешавад: «Тоҷирон газро истифода мекунанд, ноқилҳои барқӣ дуруст нестанд. Роҳҳо банданд. Дар ҳолати рух додани сӯхтор мошини оташнишонӣ барои хомӯш кардани оташ наметавонад ворид шавад. Ягон гап шавад, амнияти мардумро ҳам таъмин кардан зарур аст.»

Аммо як сокини маҳаллӣ, ки дар шафати бозор ба сар мебарад ва аз рӯзи аввали ташкил шудани он ин ҷо меояд, далоили мақомот дар бораи ҳолатҳои беҳдоштӣ ва набуди муҳофизат аз сӯхторро зери суол бурд: «Бозор ҳамин қадар мешавад. Ба Худо, бозори болоро бинӣ талхакаф мешавӣ. Ҳар рӯз мебинем, ки мерӯбанду мешӯянд. Аз ин зиёд боз чӣ шавад? Дигар бозорҳоро бин, аз ин бадтаранд. Ҳама чӣ ба тартиби худаш аст. Ба болои ин аз ҳама арзон аст. «Саховат» як қадам роҳ аст, аммо он ҷо мол агар 8-9 сомонӣ бошад, ин ҷо 5- 6. Бодиринг 2,5- 2 сомонӣ, дар дигар бозорҳо то 5. Аз ин зиёд чӣ шавад?»

Як ҳамсӯҳбати дигари мо- Рустам вазъи бозорҳои Тоҷикистонро дар кул ин гуна тасвир кард: «Моли ҳама дар берун -офтоб монда шуда, фурӯшандаҳо ҳатто дар сари растаҳо неву дар замин савдо мекунанд. Масалан, обҳо тал зада шудааст дар болои замин, ҳол он ки онҳо бояд дар ҷои хунук бошанд, мӯҳлати аксарашон гузаштааст. Тухмро бинед, ки низ дар сари роҳ, ҷои офтобрас аст. Ҳол он, ки он дар офтобӣ дар ду рӯз сифаташро гум мекунад. Ягон беҳдоштро мардум риоят намекунад. Дар ҳама бозорҳо вазъ ҳамин.»

Бозори «Сомон» як бозори хусусӣ буда, дар шафати бозори «Деҳқон» - мутааллиқи ҳукумати шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ба гуфтаи соҳибкоронаш, 15 сол ба ин сӯ фаъолият дорад ва аз бозорҳои ангуштшумори яклӯхтфурӯшии маводи кишоварзӣ дар пойтахт маҳсуб мешавад. Кишоварзон меваю сабзаҷотро аз гӯшаву канори Тоҷикистон аввал ба ин ҷо меоваранд ва сипас ин тавлидот ба бозорҳои дигар паҳн мешаванд.

Зимнан, «Сомон» дар миёни мардум арзонтарин бозори шаҳр шинохта мешавад. Ва баста шуданаш аз сӯи мақомот дар ҳолест, ки дар сатҳи расмиву коршиносони дохиливу байнулмилалӣ аз пеш омадани бӯҳрони маводи ғизоъ ва ё боло рафтани қимати онҳо дар Тоҷикистон зиёд сӯҳбат мешавад.

Шаҳрдории Душанбе аз ин пеш фаъолияти чанде аз бозорҳои хусусӣ, аз ҷумла “Роҳи Абрешим” ва “ Зарнисор”-ро қатъ намуда буд, ки дар натиҷаи он чандин тоҷир хисорат дида ва иддае ҳам бекор монда буданд.

Як масъули бозори «Сомон», ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, дар давоми як ҳафтаи оянда бозор пурра таъмир хоҳад шуд ва фаъолияташро оғоз хоҳад кард.

Аммо иддае аз соҳибкорон ҳадс мезананд, ки ҳадафи аслӣ шояд на амнияти бозору вазъи беҳдоштиаш, балки рақобат барои тавсиаи нуфуз аст, ки аз сӯи гурӯҳҳои тиҷорӣ пиёда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG