Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15-уми май - Рӯзи дави миллӣ


Рӯзи якшанбе, 15-уми май, дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ эълом шудааст.

Дар ин пойгаи анъанавии оммавӣ, ки бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи кишвар доир мешавад, афроди синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат карда, ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр медаванд.

Рӯзи дави миллӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 8-и субҳ оғоз мешавад.

Ба ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти Рӯзи дави миллӣ супурда хоҳад шуд.

Ба иттилои масъулини соҳа, пойга дар шаҳри Душанбе аз посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” (собиқ Ипподроми Душанбе) ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG