Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Санк -Петербург


Ҳайати вакилони палати поёнии парлумони Тоҷикистон, дар раъси Мирганд Шабозов, муъовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ин кишвар субҳи имрӯз, 13-уми май ба шаҳри Санк -Петербурги Русия сафар кард. Дар ин ҳайат, Саиди Ёқубзод ва Хайриниссо Юсуфӣ, раисони кумитаҳои парлумон ва бархе дигар аз вакилони мардумӣ шомил ҳастанд. Намояндагони парлумони Тоҷикистон дар чанд нишасти Ассамблеяи байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷаласаи дувоздаҳуми Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, комиссияи доимии ин созмон дар умури Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши фарҳанг, иттилоот, захираҳои табии ва экологӣ, сиёсати аграрӣ, сайёҳӣ ва варзиш иштирок ва дар ҷараёни баҳсу баррасиҳо фикру андешаҳои хушро баён хоҳанд кард. Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Тоҷикистон аъзои фаъоли он ҳаст, барои танзими фаъолияти байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангсозии қавонин миёни кишварҳои узв фаъолияти муаассиреро анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG