Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Amnesty International аз Тоҷикистон


Aфви Байналмилал дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро танқид кард, ки соли гузашта низ ба ҳуқуқи инсон эҳтиром нагузоштааст.

Дар гузориши Вазъи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон дар соли 2010 омадааст, дар он сол аз Тоҷикистон ҳамчунон доир ба бадрафтории мақомоти интизомӣ бо боздоштшудагон ва азияту шиканҷаи зиндониён гузоришҳо мерасиданд. Матбуоти мустақил ҳамчунон барои интиқоди ҳукумат мавриди таъқибу таҳдиди мақомот қарор гирифт ва мавориди зӯровариву латукӯби занон камтар нашуд.

Намояндагони созмони Авфи Байналмилал, мақараш дар Ландан, барои ошноии наздик ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон моҳи март ба кишвар сафар кардаанд ва ҳамон вазъеро дидаанд, ки соли 2009 низ дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд.

МАВОРИДИ НАҚЗИ ҲУҚУҚИ БАШАР

Анна Зандер Плазмман, як масъули Авфи Байналмилал дар умури Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, созмон аз он бисёр нигарон аст, ки дар Тоҷикистон ҳамчунон мавориди шиканҷаву азияти маҳбусон ва беҷазо мондани масъулони ин гуна ҷиноятҳо ба чашм мерасад. “Соли гузашта низ мо пайваста доир ба азияту шиканҷа ва дигар бадрафториҳо аз тарафи маъмурони ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон гузориш дарёфт мекардем. Таҷрибаи боздошт ва то ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар инзиво нигаҳ доштани муттаҳам дар байни ниҳодҳои интизомӣ роиҷ аст, ки ин хатари азияту бадрафторӣ бо боздоштшударо бештар мекунад. Соли гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамчунон эътирофоти ҳосилшуда таҳти шиканҷаро ба ҳайси далел ба инобат мегирифтанд. Ҷабрдидаҳо аз тарси зӯроварӣ аз тарафи кормандони маъмурони интизомӣ бисёр кам шикоят мекарданд. Беҷазо мондани кормандони бадрафтор ҳам як расм аст.”

Созмони Авфи Байналмилал, қазияи Неъматулло Бӯтақозиев, як шаҳрванди ӯзбактабори Қирғизистонро мисол овардааст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дастгир ва ба гуфтаи худаш аз тарафи маъмурони амниятӣ шиканҷа шуд. Бӯтақозиевро дар ниҳоят аз Тоҷикистон ихроҷ карданд, ки сипас додгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон ӯро аз боздошт раҳо кард. Созмони Авфи Байналмилал ҳамчунин қазияи Илҳом Усмонов, як сокини ноҳияи Хуҷандро мисол овардааст, ки 3-юми ноябр бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шуда ва 9 рӯз ҳаққи муошират бо касеро надоштааст ва дар он рӯзҳо ӯро ба нерӯи барқ монда ва ба баданаш оби доғ рехтаанд. Иддаое, ки ба гуфтаи додситонии Хуҷанд дурӯғ аст.

ВАЗЪИ НАЧАНДОН ХУБИ МАТБУОТ

Созмони Авфи Байналмилал сипас ба вазъи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон пардохтааст, ки ба гуфтаи созмон, ҳоли чандон хубе надошт. Анна Зандер Плазманн ба Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои мустақил барои интиқоди ҳукумат таҳти таъқиб қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Авфи Байналмилал мехоҳад, то он банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки хабарнигорони тоҷикро аксар вақт аз гуфтани воқеъияту ҳарфи ҳақ метарсонад, лағв шавад. “Ба эътиқоди Авфи Байналмилал, давлати Тоҷикистон бояд он банди қонунро, ки барои тавҳину бӯҳтон ҷазо муқаррар кардааст, лағв намояд. Мо ҳамчунин ба ин боварем, ки бояд ҳеҷ хабарнигорро барои ҳаққи озодии андешаву баёнаш ба додгоҳ накашанд. Дар робита ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, бояд тазмин дода шавад, ки ҷазо беш аз ҳад сахт набошад ва ҳам ҷазо барои он набошад, ки хабарнигор аз ҳаққи худ, яъне озодии ақидаву баён истифода кардааст. “

Соли гузашта, муҳаррирону хабарнигорони чандин рӯзномаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Озодагон”, “Миллат”, “Азия Плюс”, “Нигоҳ”, “Фараж”, “Пайкон” рӯзҳои худро дар муҳокимаҳои додгоҳӣ кӯр карданд, ки даъвогарон ҳам дар он додгоҳҳо мақомоти расмии Тоҷикистон буданд ва моҷароҳои баъзе аз онҳо то кунун идома дорад. Дар идомаи гузориши худ доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2010, созмони Авфи Байналмилал, дигарбора аз вусъати хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст, ин зуҳурот ба як расм табдил шудааст.

ХУШУНАТ АЛАЙҲИ ЗАНОН ВУҶУД ДОШТААСТ

Анна Зандер Плаззман ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои маҳви хушунат алайҳи занон гомҳое бардошт, аммо ба ҳукумат муяссар нашуд, бар асоси тааҳҳудоти байналмилалиаш занонро аз хушунати хонаводагӣ эмин нигаҳ дорад: “Хушунат алайҳи занон ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ боқӣ монд. Аз сеяк то нисфи занони тоҷик дар тӯли ҳаёти худ аз тарафи шавҳар ва ё аъзои дигари хонавода хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ дидаанд. Дастрасии занон ба низоми додгоҳӣ бисёр маҳдуд аст, ки ин боиси пӯшида мондани мавориди зиёди хушунати хонаводагӣ мешавад. Паноҳгоҳҳои кофӣ ва ё сарпаноҳи амн барои занони ҷабрдида ниҳоят кам аст. Тарҳи “Қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз хушунати хонаводагӣ” солҳо пеш таҳия шуда, аммо то кунун барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод нашудааст.”

Таври маълум, мақомоти Тоҷикистон аксар вақт баҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба вазъ дар кишварро ноодилона медонанд ва мегӯянд, ба ҳуқуқи мардум дар кишвар эҳтиром мегузоранд ва агар нақзи ҳуқуқ ҳам бошад ба он андоза нест, ки ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд.
XS
SM
MD
LG