Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манмуҳон Сингҳ: Ҳиндустон аз Афғонистон ҳимоят мекунад


Манмуҳон Сингҳ ва Ҳомид Карзай дар Кобул

Манмуҳон Сингҳ ва Ҳомид Карзай дар Кобул

Имрӯз боздиди Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳиндустон аз Кобул-пойтахти Афғонистон идома меёбад. Ҳадафи ин боздид баррасии масъалаҳои амниятӣ дар минтақа аст. Манмуҳон Сингҳ зимни суханони худ дар маҷлиси зиёфат гуфт, мардуми Ҳиндустон аз талошҳо барои музокироти сулҳ бо Толибон сахт ҷонибдорӣ мекунанд. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки мардуми Афғонистон метавонанд барои бозсозии кишварашон ба кӯмакҳои Ҳиндустон умед банданд. Ҳиндустон яке аз кишварҳои аслии сармоягузор дар Афғонистон ба шумор меравад ва то ҳол 1 миллиарду 300 миллион доллар др Афғонистон сармоягузорӣ кардааст. Ҳам Афғонистон ва ҳам Ҳиндустон борҳо Покистонро барои паноҳ додан ва ҳимоят аз шӯришиён муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG