Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши нави Амнести Интернешенал мунташир шуд


Амнестӣ Интернешенал ё Афви Байналмиллал гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон ба нашр расонд. Дар гузориш омадааст, беш аз пеш дар Ховари Миёнаву Шимоли Африқо дархостҳо ба озодиву адолат афзоиш ёфтааст. Амнести Интернешенал сарнавишти ҳазорон нафар ҳомиёни ҳуқуқи башарро пайгирӣ кардааст, ки дар кишварҳое аз қабили Афғонистону Чин, Русияву Туркия ва Узбакистон мавриди таҳдид қарор гирифтаанд, шиканҷа дидаанд ва кушта шудаанд. Дар гузориш таъкид шудааст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Украинаву Беларус, Қирғизистон ва соири кишварҳои даргири ҷанг, аз қабили Ироқу ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолии Русия ба вахомат гароидааст. Гузориш вазъи ҳуқуқи башар дар 157 кишварро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG