Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз мухолифони Либия дар Кохи Сафед мулоқот мекунанд


Дар остонаи мулоқот дар Кохи Сафеди Вошингтон Маҳмуд Ҷибриил-нахуствазири Шӯрои Миллии Гузори Либия аз Амрико хост, ки раҳбарияти мухолифонро ба расимият бишносад. Ба суоли шабакаи телевизионии CNN-и Амрико дар ин бора, ки вай аз мулоқоти имрӯзи худ дар Кохи Сафед чӣ мехоҳад, Ҷибриил гуфт, “Мо мехоҳем, ки моро ба расмият шиносанд”. Пештар Ҷибриил изҳор дошт, ки мухолифон мехоҳанд Конгресси Миллӣ даъват ва дар он кумитаеро интихоб кунанд, ки ба таҳияи Қонуни Асосии нав машғул шавад. Вай афзуд, тарҳи Қонуни нав бояд дар райпурсии ҳамагонӣ ба тасвиб расад ва ин райпурсӣ бояд зери назари СММ баргузор шавад. Тибқи нақшаи мухолифони Либия, баъд аз ду моҳи интихоботи порламонӣ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG