Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Сино парвандаи хабарнигори “Имрӯз-нюс” Мирзомуроди Бозор ва Маҳмадраҷаб Шарипов, як ронандаро, ки бар пояи шикояти корманди “Воҳиди махсус”-и ВКД оғоз шуда буд, ба анҷом расонид.

Додгоҳ хабарнигорро бегуноҳ ҳисобида, ронандаи “Тангем”-ро ба иҷрои 180 соат корҳои ислоҳӣ муҷозот кардааст.
Аммо ҳанӯз баҳси нашрияи “Азия-Плюс” бо Анвар Тағоймуродов, муовини вазири умури дохилӣ ва ҳафтаномаи “Чархи гардун” бо собиқ узви парлумон, Сайвалӣ Нуров идома дорад...


Бино ба қарори додгоҳ, ронанда бар асоси салоҳдиди Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳар рӯз ба ҷуз иҷрои корҳои худ, чаҳор соат корҳои ҷамъиятиро низ анҷом хоҳад дод.

Муҳокимаи парвандаи мазкур рӯзи 20-уми апрели соли равон бар асоси шикояти Қаландар Нозиров, як масъули “Воҳиди махусус”-и Вазорати умури дохилӣ оғоз шуда буд. Мавсуф шикоят кардааст, ки хабарнигор ва ронанда бо нашри як матлаб ӯро бидуни асос дар гирифтани ришва муттаҳам кардаанд.

Дар шикояти ӯ аз ҷумла омада буд, ки Мирзомуроди Бозор ва ронандаи "Тангем" ӯро таҳқир ва тӯҳмат намуда, обрӯяшро дар назди ҳамкорон ва ҷомеа паст задаанд.

Мирзомуроди Бозор, хабарнигори "Имрӯз-нюс"
Хабарнигори "Имрӯз-News" рӯзи чаҳоруми марти соли ҷорӣ бо шикояти ронандаи мусофирбари тамғаи "Тангем" зери унвони "06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!" матлаберо ба нашр расонида буд.

Дар ин матлаб Маҳмадраҷаб Шарипов ба хабарнигор нақл кардааст, ки нозири роҳ бо рақами сарисинагиии 06008 аз ӯ барои гӯиё нақзи қоидаи роҳ 10 сомонӣ ришва гирифтааст.

Ин парванда аз силсилаи баррасиҳои анҷомшудаи кормандони мақомоти давлатӣ бо хабарнигорон аст. Қаблан, дар додгоҳи ноҳияи Сино баҳси беш аз яксолаи се додраси Додгоҳи олӣ бо се нашрияи мустақили “Озодагон”, “Фараж” ва “Азия-Плюс” бо мусолиҳа анҷомид.

Пас аз он додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бар асоси даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон қарор баровард, ки фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” қатъ шавад.

Аммо ҳанӯз баҳси нашрияи “Азия-Плюс” бо Анвар Тағоймуродов, муовини вазири умури дохилӣ ва ҳафтаномаи “Чархи гардун” бо собиқ узви парлумон, Сайвалӣ Нуров идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG