Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сингҳ: "Ҳинд аз талоши Кобул барои музокира бо Толибон пуштибонӣ мекунад"


Кобул, 12 маи соли 2011
Кобул, 12 маи соли 2011
Имрӯз нахуствазири Ҳинд Манмуҳан Сингҳ бо як сафари дурӯза вориди Кобул шуд, то бо раҳбарияти Афғонистон масъалаи кӯмакҳои Деҳлии Нав ба ин кишвар ва ҳамчунин масоили марбут ба амнияти минтақаиро баррасӣ кунад.

Зимни суханрониаш дар ҷараёни зиёфате ба шарофати ӯ, Сингҳ гуфт, ки мардуми Ҳинд аз талошҳои роҳандозии музокираҳои сулҳ бо Толибон “ҳамаҷониба пуштибонӣ” мекунад. Вай инчунин гуфт, ки мардуми Афғонистон метавонад дар амри барқарорсозии кишварашон ба кӯмаки Ҳинд умед банданд.

Ҳинд яке аз донорҳои аслии Афғонистон маҳсуб мешавад, ки баъди суқути режими Толибон даҳ соли пеш барои барқарории ин кишвар 1,3 миллиард доллар кӯмак кардааст. Инчунин Ҳинд бо Покистон дар масъалаи нуфуз болои Кобул дар ҳолати рақобати шадид қарор доранд. То имрӯз Кобул ва Деҳлӣ борҳо Исломободро барои пуштибонӣ аз терроризм дар Афғонистон интиқод кардаанд. Ин барои нахустин бор аст, ки дар шаш соли охир Сингҳ аз Афғонистон дидан мекунад, дар ҳоле, ки президент Ҳомид Карзай аз соли 2002 ба ин сӯ 10 дафъа ба Ҳинд сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG