Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иван Демянюки 91-сола ба 5 соли зиндон маҳкум шуд


Як додгоҳи Олмон имрӯз Иван Демянюкро дар кӯмак ба куштори зиндониҳои қароргоҳи нозӣ дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон гунаҳгор дониста, ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи Мюнҳен имрӯз Демянюки 91-соларо, ки дар Украина таваллуд шудааст, дар кӯмак ба куштори 27 ҳазору 900 нафар дар замони нигаҳбони қароргоҳи Собибори Полша будани ӯ гунаҳгор донист. Демянюк иттиҳомоти зидди худро рад кардааст.

Вай соли 2009 аз ИМА ба Олмон истирдод шуда буд. Дар Амрико вай тамоми муддати баъди хатми ҷанг зиста, шаҳрвандии ин кишварро низ доштааст. Ба толори додгоҳ ӯро савори аробача ворид карданд ва иҷоза доданд, ки ҳарфи ниҳоии худро низ баён кунад. Вале ӯ ин пешниҳодро рад кард.

Додгоҳи Демянюк, ки таваҷҷӯҳи матбуот ва давлатҳои зиёдро ба худ кашидааст, яку ним сол тӯл кашид. Қазияи ӯ яке аз охирин мавридҳои баррасии ҷиноятҳои даврони ҳукумронии нозиҳо дар Олмони фашистӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG