Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ: "Ташхиси Роғун шурӯъ шуд"


Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе, 12-уми май
Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе, 12-уми май

Бонки Ҷаҳонӣ гузориши муқаддамотии шеваҳои ташхиси фаннӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитии тарҳи Роғунро ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Дар мулоқоте, ки рӯзи панҷшанбе, 12-уми май, миёни Теодор Алерс, раиси бахши стратегӣ ва амалиёти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Моту Кониши, раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ боЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус раванди баргузории ташхиси фаннию иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шудаанд.
Ҷониби Тоҷикистон иддаои Тошкандро беасос медонад ва мегӯяд, бунёди нерӯгоҳи Роғун ба манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои минтақа аст...


Як масъули Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, "ин ҳисобот методологияи таҳқиқоти фанниву иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитӣ аст. Дар ин ҳисобот нақшаи корӣ, масоиле, ки бояд мавриди ташхис қарор бигирад ва дар маҷмӯъ раванди кори таҳқиқоти тарҳи Роғун матраҳ аст."

МАРҲИЛАИ НАХУСТИ ТАҲҚИҚОТ


Ба таъкиди ин манбаъ, "ташхиси тарҳи Роғун ҳамакнун шурӯъ шуда ва аз 12 то 18 моҳро фаро мегирад. Ҳисоботе, ки пешниҳод шудааст, ба марҳилаи нахусти таҳқиқот рабт дорад."

Ҳамзамон, ин манбаъ иттилоъ дод, ки ин созмон ба зудӣ шарҳи матбуотиеро дар робита ба ҳисоботи методолияи тадқиқоти тарҳи Роғун нашр хоҳад кард, ки тафсилоти ин гузоришро бозгӯ мекунад.

Масъулони дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе мегӯянд, ки дар нишасте, ки бо иштироки намояндагони ҳукуматҳо ва ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки қарор аст рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ дар Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ҳисоботи мазкур мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

ҲАДАФИ ТАШХИС ЧИСТ?

Дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони Бонки Ҷаҳонӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Теодор Алерс таъкид кардааст, ки "ҳадаф аз ташхиси ҳамаҷонибаи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳам муҳокимаи ин мавзӯъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор "дарёфти беҳтарин роҳҳои қобили қабул ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти сангини энергетикии Тоҷикистон мебошад."

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо дар ин музокирот аз он изҳори умед кардаанд, ки бояд натоиҷи ташхис аз сӯи кишварҳои минтақа бидуни баҳс пазируфта шаванд. Зеро ташхис тавассути мутахассисони ботаҷриба ва ҳирфаии Бонки Ҷаҳонӣ гузаронида мешавад.

Нишасти намояндагони ҳукуматҳо ва ҷомеаи мадании Осиёи Марказӣ ва Афғонистон барои баррасии гузоришоти муқаддамотии тарҳи Роғун дар ҳолест, ки мақомоти Узбакистон дар машварат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шудааст.

ИХТИЛОФИ УЗБАКИСТОН

Ба таъкиди мақомоти Узбакистон барои бунёди Роғун маҳалли ба истилоҳ "ларзонак"-е интихоб кардаанд, ки хатари заминларзаҳоро меафзояд, намак дар таркиби обро зиёд мекунад ва муҳандисони тоҷик ба он андоза ботаҷриба нестанд, ки битавонанд, як чунин нерӯгоҳи бузургро мудирият кунанд ва дар сурати фалокат қодир ба рафъи зуди паёмадҳои он бошанд.

Ҳамчунин, коршиносони узбак ба ин боваранд, ки дар сурати коҳиши маҷрои об солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Ва дигар ин, ки коршиносони Узбакистон, ки тақрибан 20 сол аз ҳаққи дидани Роғун маҳрум будаанд, бисёр мехоҳанд, ба чашми худашон нерӯгоҳро бубинанд.

Аммо ҷониби Тоҷикистон иддаои Тошкандро беасос медонад ва мегӯяд, бунёди нерӯгоҳи Роғун ба манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои минтақа аст.
XS
SM
MD
LG