Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони идомадори бензин аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Ҳамчунин, баъзе аз нашрияҳо дар саҳифаҳои худ ба бозтоби марги Усома бин Лодинро пардохтаанд.

"Дунё" дар матлаби "Бин Лодин мӯҳлати дуюми раисҷумҳурии Обамаро таъмин кард", навиштааст, "амрикоиҳо аз шодӣ дар курта намеғунҷанд, ҷасади душман ҳама вақт бӯи хуб дорад. Лекин дар амал барои хурсандӣ
Коршинос Азиз Хошоков бар ин назар аст, ки "агар Эрон дар чунин мароҳил ба Тоҷикистон кӯмак накунад, дигар ҳеҷ кас ба доди тоҷик намерасад...
танҳо Кохи Сафед далели асоснок дорад. Чунин ба назар мерасад, кираисҷумҳур Барак Обама ғалабаи худро дар интихоботи оянда пеш аз мӯҳлат таъмин кардааст. Вале ин ғалаба бар терроризм ягон муносибате надорад."

"Пайкон" дар ин робита мақолаи "Бин Лодин рафт, Лодин бини дигар меояд..."-ро мунташир карда ва навиштааст, ки "боз Ал-Қоидаи таъсисдодаи Усома раҳбар мекобад ва коршиносоне ҳастанд, ки мегӯянд, ин бозии қудратҳост ва ҳар вақт хоҳанд месозанд ва дар сурати нодаркор шудан мекушанд. Ҳоло дар оянда маълум хоҳад шуд, ки бин Лодин мурдааст ё зинда ва ҷои ӯро боз ба кӣ медиҳанд, то миссияву нақшаҳои нави қудратҳо амалӣ гардад."

БӮҲРОНИ БЕНЗИН: КӢ ГУНАҲКОР?

"Фараж" мавзӯи камчинии бензин ва маводи сӯхт дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, сабабҳо ва омилҳои болоравии нархи бензин ва ҳамзамон "гунаҳкорон"-и ин мушкилро ҷӯё шудааст. "Бӯҳрони бензин: Кӣ гунаҳгор? Дипломатияи тоҷик, ҳамсоя, шарики стратегӣ ё ронандагон" матлабест, ки дар он тамоми паҳлӯҳои қазияи мазкур бозгӯӣ мешавад. Дар ин матлаб омадааст, ки "мутахассисон ҳанӯз ду сол пеш огоҳ мекарданд, ки мо дар масъалаи ворид намудани сӯзишворӣ бояд ба ҷуз Русия, боз ягон роҳи алтернативии дигарро пайдо намоем. Вале касе гӯш накард. Инак, Русия дар баробари хеле баланд бардоштани боҷи гумрукӣ, содироти бензинро низ маҳдуд кард. Шояд ин ҳанӯз аз сад як фишанги Русия бошад, ки баҳри ғаразҳои сиёсӣ онро пиёда кардааст."



БА МАНФИАТИ ТОҶИКИСТОН НЕ, БА НАФЪИ КӢ?

"Имрӯз-нюс" низ ба ин мавзӯъ пардохта ва навиштааст, ки "бозори маводи сӯхти Тоҷикистон бештар аз 92 дарсад аз Русия вобаста аст. Ин вобастагӣ бештар тариқи ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" амалӣ мешавад. Чунин вобаста буданро коршиносон як омили хатар ва фишанги таҳдидкунанда медонанд. Чанде пеш Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки вобастагии шадиди бозори маводи сӯхти кишвар ба Русия дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ба манфиати Тоҷикистон нест."

"МЕСӮЗЕМ..."

"СССР" роҳи ҳалли бӯҳрони бензин барои Тоҷикистонро дар харидории нафт дониста ва навиштааст, ки "Тоҷикистон бензин на, бояд нафт харад! Танҳо дар ин сурат мо метавонем аз бӯҳрони сӯзишворӣ бадар равем. Барои ин бошад, барои мо корхонаи коркарди нафт лозим аст; чун обу ҳаво лозим аст." Ба навиштаи нашрия "Тоҷикистон, мутаассифона шояд ягона кишваре бошад, ки чунин корхона надорад ва айб аст, барои командаи иқтисодии давлати мо! Зеро то мо чунин корхона насозем, осонбарояку осебпазиракем, авомона гӯем: месӯзем..."


"АГАР ЭРОН КӮМАК НАКУНАД..."

"Наҷот" ба ҳадафи дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти сӯзишворӣ суолеро дар ин замина матраҳ кардааст, ки дар посухи он Ҷалолиддини Маҳмуд, мушовири раҳбари ҲНИТ гуфтааст, "пайвастани ҳар чӣ зудтари Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад ин мушкилро ҳал кунад." Коршинос Азиз Хошоков, бар ин назар аст, ки "агар Эрон дар чунин мароҳил ба Тоҷикистон кӯмак накунад, дигар ҳеҷ кас ба доди тоҷик намерасад ва боз барои ин корро кардан ақли хуби дипломатӣ лозим аст."

НОМАИ БУРҲОНИДДИНИ РАББОНӢ

"Миллат" порае аз номаи Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва миллати тоҷикро дар сафҳаи нахуст дарҷ кардааст. Устод Раббонӣ навиштааст, "ман аз тариқҳои гуногун иттилоъ мегирам, ки бисёр нерӯҳо дар хориҷ, оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд. Плонҳо доранд, ки ин кишвар ноором бошад..."
Нашрия матни комили номаи раисҷумҳури собиқи Афғонистонро чоп накардааст ва интизор меравад дар шумораи оянда ба табъ расад.

ТОҶИКИСТОН ДАР РӮ БА РӮИ БӮҲРОНИ ОЗУҚА?

"Озодагон" дар матлабе зери сарлавҳаи "Тоҷикистон гирифтори бӯҳрони озуқа мешавад?" дурнамои таъминоти озуқаворӣ дар ин кишварро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки "коршиносон вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро низ дар ҳоли хатарнок дониста, мегӯянд ин вазъ ба вобаста будани Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷ рабт дорад. Барои куллан раҳо ёфтан аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистон бояд барномаҳои мушаххасеро рӯи даст бигирад."
Зеро ба навиштаи нашрия, "Тоҷикистон дар ҳақиқат дар феҳристи кишварҳои камбизоат шомил шудааст ва имконияти камтаринро дар мавриди таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ дорад."

"БОЯД ЧИЗЕ ГӮЯНД..."

"Нигоҳ" ба мавзӯи вазъи ҳуқуқи башр дар Тоҷикистон пардохта ва дар пасманзари гузориши Департаменти ИМА ин суолро матраҳ кардааст, ки "Чаро вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон танқид мешавад?" Сӯҳроб Шарипов бар ин назар аст, ки "онҳо (яъне созмонҳои байналмилалӣ) бояд ҳамин гуна нишон бидиҳанд ва танқид кунанд. Зеро онҳо бояд ба сарварони худ нишон диҳанд, ки маошҳи мегирифтаашон ҳалол аст. Ба ҳамин хотир онҳо вазъи озодии баён, дин ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ҳамеша зери мушоҳида қарор дода, норозигии хешро баён мекунанд." Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ низ гуфтааст, "ин баҳодиҳиҳо нисбат ба кишвари мо на он қадар аз рӯи адолат аст. Зеро онҳое, ки моро баҳо медиҳанд, кишвари моро дар қатори Амрикоу Аврупо баҳодиҳӣ мекунанд."

АКБАРИ ТУРСОН ДАР БОРАИ БОЗОР СОБИР

"Тоҷикистон" мусоҳибаеро бо Акбари Турсон, раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи улуми Тоҷикистон, ки муддати беш аз 15 соли ахир дар Амрико ба сар бурдааст, анҷом дода ва аз ӯ назарашро дар бораи Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик пурсидааст. Ҷаноби Турсон гуфтаасст, "Бозор Собирро борҳо гуфтаму боз такрор мекунам: Амрико ҷои шоири тоҷик нест. Чунки аз як сӯ, муҳити фарҳангии он кишвар барои шеъру шоирии тоҷикона мусоидат намекунад ва аз сӯи дигар, ҷудо аз муҳити маънавии хеш. Берун аз ҳалқаи ҳамзабонон эҷод кардан, корест муҳол..."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG