Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон


Марворид Насриддинзода
Марворид Насриддинзода
Соҳиб Ҷӯраев ва Марворид Насриддинзода қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2011 шуданд. Устоди байналмилалӣ Соҳиб Ҷӯраев, аз шаҳри Хуҷанд, дар сабқати мардон дар 11 бозӣ 10 имтиёз ба даст овард. Вай дар 9 бозӣ пирӯз шуда, 2 бозиро мусовӣ кард.

Қубод Мақсудшоев, шатранҷбози вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, бо 8,5 имтиёз мақоми дуввум ва Ҷамшед Исоеви душанбегӣ бо 8 имтиёз мақоми севумро касб карданд. Марворид Насриддинзодаи душанбегӣ дар сабқати занон дар ҳамаи 11 бозӣ пирӯзӣ ба даст овард ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Шатранҷбозони шаҳри Душанбе Мутрибаи Илҳом бо 9,5 имтиёз дар ҷои дуввум ва Надежда Антонова бо 9 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифтанд. Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон шарафи кишварро дар сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон, ки авоили моҳи июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG