Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров – соҳиби нахустин роҳхати олимпӣ ба Лондон-2012


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, ки дар мусобиқаи байналмилалии “Гран-прии тиллоӣ”-и Seiko дар шаҳри Кавасакии Ҷопон барандаи медали биринҷӣ гардид, дар байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон шуд.

Ба иттилои Ширинҷон Мамадсафоев, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров гурзро ба дурии 76 метру 52
Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Пекин дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 54 сантиметр дар ҷои 11-ум қарор гирифта буд...
сантиметр ҳаво дода, ҷои севумро касб кард.

Ин натиҷаи нишондодаи ӯ нисбат ба ғолиби мусобиқа Кристиан Парс, аз Маҷористон, 2 метру 95 сантиметр камтар аст. Кодзи Мурофусии ҷопонӣ бо натиҷаи 78 метру 10 сантиметр севум шуд.

Дилшод Назаров, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, ки 26-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, дар бисёр мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, аз ҷумла ду бор дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Афина-2004 ва Пекин-2008), шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Пекин дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 54 сантиметр дар ҷои 11-ум қарор гирифта буд.

ҚАҲРАМОНҲОИ ШОҲМОТИ ТОҶИКИСТОН

Cоҳиб Ҷӯраев
Соҳиб Ҷӯраев ва Марворид Насриддинзода қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2011 шуданд. Устоди байналмилалӣ Соҳиб Ҷӯраев, аз шаҳри Хуҷанд, дар сабқати мардон дар 11 бозӣ 10 имтиёз ба даст овард. Вай дар 9 бозӣ пирӯз шуда, 2 бозиро мусовӣ кард.

Қубод Мақсудшоев, шатранҷбози вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, бо 8,5 имтиёз мақоми дуввум ва Ҷамшед Исоеви душанбегӣ бо 8 имтиёз мақоми севумро касб карданд.

Марворид Насриддинзодаи душанбегӣ дар сабқати занон дар ҳамаи 11 бозӣ пирӯзӣ ба даст овард ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Шатранҷбозони шаҳри Душанбе Мутрибаи Илҳом бо 9,5 имтиёз дар ҷои дуввум ва Надежда Антонова бо 9 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифтанд.
Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон шарафи кишварро дар сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон, ки авоили моҳи июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG