Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон аз рӯи тақвими расмӣ рӯзи Шашмақом шинохта шудааст. Дар ҷашнвораи байналмилалии мақомсароҳо дар Душанбе аз 11-ум то 14-уми май баргузор мешавад, дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон, Афғонистон, Чин, Арманистон, Олмон, Амрико ва Ҳолланд ширкат мекунанд.

Ҷашнвораи имсола ба 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Дар остонаи рӯзи Шашмақом таҳқиқоти сеҷилдаи Фароғат Азизӣ, донишманди тоҷик ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон оид ба мактаби эҷодӣ ва ҳунари устоди "Шашмақом" Фазлиддин Шаҳобов муаррифӣ шуд. Рӯзи Шашмақом дар Тоҷикистон бо ташаббуси президент Раҳмон аз соли 1999 ба ин сӯ таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG