Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Ҳинд вориди Кобул шуд


Имрӯз нахуствазири Ҳинд Манмуҳан Сингҳ бо як сафари дурӯза вориди Кобул шуд, то бо раҳбарияти Афғонистон масъалаи кӯмакҳои Деҳлии Нав ба ин кишвар ва ҳамчунин масоили марбут ба амнияти минтақаиро баррасӣ кунад.

Ҳинд яке аз донорҳои аслии Афғонистон маҳсуб мешавад, ки баъди суқути режими Толибон даҳ соли пеш барои барқарории ин кишвар 1,3 миллиард доллар кӯмак кардааст. Инчунин Ҳинд бо Покистон дар масъалаи нуфуз болои Кобул дар ҳолати рақобати шадид қарор доранд.


То имрӯз Кобул ва Деҳлӣ борҳо Исломободро барои пуштибонӣ аз терроризм дар Афғонистон интиқод кардаанд. Ин барои нахустин бор аст, ки дар шаш соли охир Сингҳ аз Афғонистон дидан мекунад, дар ҳоле, ки президент Ҳомид Карзай аз соли 2002 ба ин сӯ 10 дафъа ба Ҳинд сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG