Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Қаззофӣ дар телевизион


Баъди ҳафтаҳои нопайдоӣ, раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар телевизиони давлатӣ ҳузури кӯтоҳе дошт. Қаззофиро, ба қавли телевизион, рӯзи чоршанбе ба ҳангоми баргузории ҷаласае бо ҳузури раҳбарони қабилаҳо намоиш доданд.

Ӯро баъди рӯзи 30 апрел, бомбборон шудани сохтмони ҳукумати Триполӣ аз ҷониби нирӯҳои НАТО намоиш надода буданд. Чанде пеш аз ин, раҳбарони шӯришӣ гуфтанд, ки назоратро бар фурудгоҳи Мисрота ба даст оварда, ҳамоно бо нирӯҳои вафодор ба Қаззофӣ вориди даргирии шадид ҳастанд.
XS
SM
MD
LG