Пайвандҳои дастрасӣ

Бин Лоден дар фикри берун кардани амрикоиҳо аз Ховари Миёна буд


Раҳбари “Ал-Қоида” Усома Бин Лоден дар фикри ҳисобу китоби ин буд, ки куштори чанд нафар шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида метавонад нирӯҳои амрикоиро аз хоки Ховари Миёна берун кунад. Мақомоти Амрико мегӯянд, ки таҳлили коғазу асноди Бин Лоден, ки дар маҳалли пинҳонгоҳи ӯ дар Покистон ошкор шуд, ҳокист, ки террористи рақами аввал дар фикри тарҳрезии ин нақшаҳо будааст.

Як мақоми амрикоӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар манзиле дар Абботобод баъди рӯзи 2 май кушта шудани Бин Лоден панҷ компютер ва ҳудудан 100 флеш-корт ва ҳамчунин як рӯзномаи ӯ ошкор шуд, ки бо дасти худи Бин Лоден иншо шудааст.

Мақомот мегӯянд, ки Бин Лоден ба пайравонаш ҳидоят кардааст, ки танҳо дар сурати анҷоми амалиёти азими террористии ҳамсони рӯйдодҳои 11 сентябри соли 2001 мешавад амрикоиҳоро водор кард, ки аз хоки Ховари Миёна берун шаванд.
XS
SM
MD
LG