Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IFES ва Иттиҳодияи Аврупо интихоботи ҳавзаи Синоро назорат хоҳанд кард


Ҷараёни интихоботи миёндавраии ҳавзаи Синои пойтахти Тоҷикистонро, ки бояд рӯзи 15 май баргузор шавад, нозирони созмони байналмилалии Низомҳои интихоботӣ - IFES ва Иттиҳодияи Аврупо мушоҳида хоҳанд кард.

Аз рӯи иттилои Комиссиюни марказии интихоботҳои Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои дипломатии мустақар дар кишвар чунин аризае барои назорат аз интихобот ироа накарданд, дар ҳоле, ки сафорати Амрико дар Душанбе баъди бозпас гирифта шудани аризаи намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз интихобот, ҳамчунин аз нияти назорати ин маъракаи сиёсӣ даст кашид.

Дар интихоботи рӯзи якшанбе қарор аст чаҳор номзад иштирок кунанд: дабири шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов, узви ҳизби аграрӣ Музаффар Мирзоев ва номзадҳои мустақил – журналист Толибшоҳ Саидзода ва муовини раҳбари маркази миллии тиббӣ Сафарбек Маннонов.
XS
SM
MD
LG