Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия 19 нафар мухолифони давлат кушта шуданд


Нируҳои амниятии Сурия ҳамчунон саркӯбии тазоҳуроти эътирозии мухолифони режимро идома медиҳанд ва дар ҷараёни ин саркӯбиҳо дастикам 19 нафар аз ҷонибдорони демократия кушта шудаанд. Дар шаҳрҳои Ҳомсу Ҳарра тонкҳо дар маҳаллоти аҳолинишин оташ кушоданд. Дар Алеппо дар наздикии марз бо Туркия нируҳои амниятӣ тазоҳуроти эътрозии тақрибан 2 000 донишҷӯро пароканда карданд.
XS
SM
MD
LG