Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз руасои ҷамоҳири Русияву Покистон мулоқот мекунанд


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Маскав бо Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон дидор ва гуфтугӯ мекунад. Кохи Кремли Маскав мегӯяд, дар ин дидор ҷонибҳо бештар ба масоили зидди терроризм ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Осиёи Марказиву Ҷанубӣ таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Дар дастури рӯзи мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин нақши Русия дар сохтмони лулаи гази Туркманистон-Ҳиндустон низ ҳаст, ки аз Афғонистону Покистон мегузарад. Боздиди чаҳоррӯзаи Осиф Алӣ Зардорӣ аз Русия дар ҳоле анҷом мегирад, ки Амрико Покистонро барои кӯмак ба Усома Бин Лоден-раҳбари Ал Қоида муттаҳам кардааст. Дар аввали моҳи ҷорӣ Бен Лоден дар як амалиёти нируҳои вижаи Амрико дар Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG