Пайвандҳои дастрасӣ

Қаззофӣ баъд аз 10 рӯзи ғиёбат дубора пайдо шуд


Баъд аз як ҳафтаи ғиёбат Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия ба таври мухтасар дар телевизиони давлатии ин кишвар зоҳир шуд. Он гуна, ки дар навори телевизион нишон дода шуд, вай рӯзи чаҳоршанбе бо раҳбарони қабоил мулоқот анҷом додааст. Баъд аз ҳамлаи ҳавоии нируҳои НАТО ба қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ дар 30-юми апрели соли ҷорӣ то ҳол вайро дар ҷое нишон надоданд ва вай ҳарфе ҳам назадааст. Қабл аз ин хабар шӯришиёни Либия гузориш доданд, ки онҳо дар ҷарёни даригирӣ бо нируҳои Қаззофӣ фурудгоҳи Мисротаро ба назорати худ даровардаанд. Шӯришиён ба дархости СММ дар бораи эълони оташбас гӯш надоданд ва то ҳол бар зидди ҳокимияти 41 солаи Қаззофӣ дар шимоли кишвар муборизаро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG