Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз боздиди нахуствазири Ҳинд аз Кобул оғоз мешавад


Манмуҳон Сингҳ бо Ҳомид Карзай

Манмуҳон Сингҳ бо Ҳомид Карзай

Имрӯз Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳиндустон барои боздиди дурӯза вориди Кобул-пойтахти Афғонистон мешавад, то бо мақомоти ин кишвар масъалаҳои амният, ҳамкории дуҷониба ва масоили рушди Афғонистонро баррасӣ кунанд. Хабаргузории DPA-и Олмон навиштааст, интизор меравад, ки Манмуҳон Сингҳ дар ҷараёни ин боздид як кӯмаки 100 миллион долларии дигар ба Афғонистонро эълон кунад. Ҳиндустон яке аз кишварҳои аслии кӯмакрасони Афғонистон ба шумор меравад. Аз соли 2001 то ҳол ин кишвар 1 миллиарду 300 миллион доллар ба Афғонистон барои бозсозӣ кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG