Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осебдидагони даргириҳо ҷуброни молӣ мегиранд


Бино ба гузоришҳо, хешовандони ононе, ки дар даргириҳои қавмии Қирғизистон кушта шудаанд, бедарак гаштаанд ва ё сахт маҷрӯҳ шудаанд, аз ҳукумати ин кишвар кӯмаки молӣ дарёфт хоҳанд кард. Дафтари матбуотии ҳукумат гуфтааст, нахуствазир Алмазбек Атамбоев рӯзи сешанбе, 10 май санадеро ба имзо расондааст, ки тибқи он ҳар хонаводае, ки одами худро аз даст додааст ё то ҳол бедарак мебошад, 21 400 доллар ва хонаводаҳое, ки аз даргириҳо зарар дидаанд, 1 100 доллар ҷуброн пардохт мешавад. Дар даргириҳои миёни қирғизҳову узбакҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод 400 нафар кушта шудаанд ва даҳҳо нафари дигар то ҳол бедарак мебошанд. Ҳазорон нафари дигар бесарпаноҳ мондаанд ва маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG