Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагии БҶ дар Душанбе интиқоди Узбакистон дар бораи «дастхуш»-и ҳукумати Тоҷикистон будани ин ниҳодро шарҳ надод.

Дар посух ба муроҷиати мо, як масъули Бонк гуфт, ниҳодаш фаъолияти шаффоф дорад ва ҳеҷ гоҳ ба ҳамчунин иттиҳомоти сохта вокуниш нишон нахоҳад дод.

ОЁ БОНКИ ҶАҲОНӢ "БОЗИЧАИ ДАСТ"-И ТОҶИКИСТОН АСТ?

Қаблан Ҷунбиши экологии Узбакистон бо ишора ба он, ки Бонки ҷаҳонӣ далелҳои Тошканд дар бораи хатари эҳтимолии нерӯгоҳи Роғун ва зарари он ба муҳити зисти минтақаро нодида мегирад, пеши ин ниҳоди байнулмилалӣ суол гузоштааст, ки «оё «бозичаи дасти» ҳукумати Тоҷикистон шудааст?»

Матлаби муовини раиси ин ҷунбиш Саидрасул Сангинов, ки аз сӯи вазорати умури хориҷии Узбакистон дар нашрияи «Правда Востока» нашр шуд, ҳамчунин дигарбора бархӯрди Бонки ҷаҳонӣ ба тарҳи «Роғун»-ро «якҷониба» унвон мекунад.

Интиқоди Ҷунбиши экологии Ӯзбакистон дар баробари даъвати Бонки ҷаҳонӣ аз ҷомеаи мадании кишварҳои Осиёи Миёна садо медиҳад, ки мехоҳад, натиҷаҳои санҷиши тарҳи Роғунро ба баррасии мақомоту коршиносони кишварҳои минтақа пешкаш кунад.

"РОҒУН" ДАР АЛМАТО БАРРАСӢ МЕШАВАД

Маргарита Григорева, масъули равобит бо созмонҳои ғайридавлатии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ гуфт, аввалин баррасиҳо 19-уми май дар намояндагии минтақавии бонк дар шаҳри Алматои Қазоқистон доир мегардад ва намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои ҳавзаи ин нерӯгоҳ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистон низ даъват шудаанд: «Мавзӯъи асосии ин нишаст табодули иттилоъ ва пеш аз ҳама иттилоест, ки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар омӯзиши тарҳи нерӯгоҳи Роғун ба даст оварданд. Бовар дорам, гурӯҳи экологии Узбакистон ҳам дар ин нишаст ширкат мекунанд. Умедворем, ки муштаракан кор мекунем.»

Ду гурӯҳи вижаи коршиносон бо сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ва исрори кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама Узбакистон соли гузашта ба омӯзиши қисматҳои фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» шурӯъ карда буд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар як санади бештар аз 60-саҳифагӣ, ки ҳанӯз дар матбуоти Тоҷикистон ва минтақа пайдо нашудааст, овардааст, ки бо тамоми кишварҳои минтақа пеш аз шурӯи арзёбии мазкур ва ҳам озмоиши фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи Роғун машварат кардааст, то дидгоҳҳои онҳоро ҳам ба ҳисоб гирад.

РОҒУН АЗ МУХОЛИФАТ ТО ПУШТИБОНӢ

Бино бар ин санад, мақомоти Узбакистон гуфтаанд, ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун хилофи муқаррароти байналмилалӣ таҳия шуда, дар маҳалли зилзилахез сохта мешавад ва муҳандисони тоҷик таҷрибаи мудирияти як чунин нерӯгоҳи бузургро надоранд. Ба гуфтаи коршиносони узбак, солона Узбакистон бар асари табоҳшавии заминҳои кишт бештар аз 4 миллиард доллар ва бар асари маҳви олами набототу ҳайвонот 146 миллион доллар зиён мебинад. Ҳамчунин коршиносони Узбакистон, ки 20 сол ба ин сӯ ҳаққи дидани Роғунро надоранд, бисёр мехоҳанд бо чашми худ нерӯгоҳро бубинанд.

Мақомоти Туркманистон гуфтаанд, ки мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун нестанд, аммо Тоҷикистон бояд замонат диҳад, ки бо бунёди садди Роғун, маҷрои об ба ин кишвар кам намешавад. Туркманистон ҳамчунин нигарон будааст, ки нерӯгоҳи Роғун, ки аслан барои танзими об дар Осиёи Марказӣ пешбинӣ шуда буд, барои тавлиди нерӯи барқ истифода хоҳад шуд.

Қазоқистон зоҳиран мухолифи тарҳ набуда, маслиҳат додааст, ки дар тарҳҳои Роғун ва нерӯгоҳи Қамбаротаи Қирғизистон ҳамкорӣ кунанд, то ҳамоҳангсозии беҳтар ба даст ояд.

Мақомоти Қиризистону Афғонистон сад дар сад аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун тарафдорӣ кардаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, ки Узбакистону Туркманистон ба тарҳи бунёди Роғун ҷалб шаванд, зеро он ба манфиати онҳо хоҳад буд. Мақомоти Афғонистон ҳатто бар зарурати бунёди дигар нерӯгоҳҳои бузурги муштарак бо Тоҷикистон дар рӯдхонаи Панҷ дар оянда таъкид кардаанд.

КОРШИНОС: "РОҒУН ХАТАРЕРО ДАР ПАЙ НАДОРАД"

Яков Бляшко, узви Иттиҳодияи байналмилалии гидроэнергетика аз Русия гуфтааст, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун боэътимод аст, зеро дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шуда, дар ҳолати зилзила хатареро дар пай надорад.

Бино ба тавофуқи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ, пас аз анҷоми мутолеоти фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ, ин бонк барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун консорсиуми байналмилалӣ ташкил ва ба ин тарҳ ширкатҳои маъруфи энержиро ҷалб хоҳад кард. Ҳоло дар ин нерӯгоҳ корҳои барқароркунӣ идома дорад ва ҳукумати Тоҷикистон 850 миллион сомонӣ дар соли ҷорӣ ихтисос додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG