Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чирикиҳо фурудгоҳи Мисротаро ба даст оварданд


Чирикиҳои Либия, бино ба хабарҳо, имрӯз фурудгоҳи шаҳри Мисротаро ба даст овардаанд. Ин нахустин аломати пешрафти онҳо баъд аз чанд ҳафтаи набардҳо бо нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ барои ин танҳо шаҳри таҳти назорати чирикиҳо дар ғарби Либия аст. Мисрота қариб 2 моҳ боз дар муҳосираи нирӯҳои Қаззофӣ қарор дошт.
ИА дар ҳамин ҳол гуфт, қасд дорад дар Бенғозӣ, маркази чирикиҳо дар шарқи Либия, дафтар боз кунад. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон имрӯз дар парлумони Аврупо дар Страссбург гуфт: “Ман қасд дорам дар Бенғозӣ дафтар кушоям, то ки мо аз ин мардуме, ки баҳсашро дорем, аз ҷомиаи шаҳрвандӣ ва аз Шӯрои миллии гузор ҳимоят кунем.”
Бино ба хабари дигар аз Либия, дар шарқи пойтахти ин кишвар –Троблус имрӯз дар тӯли қариб як соат садои таркишҳо шунида мешуд, ки зоҳиран натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоист.
XS
SM
MD
LG