Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулл мегӯяд, ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва сӯистифода аз ҳадди ваколати хидматӣ, дар утоқҳои кории ШКД бояд дурбинҳо назоратӣ насб шавад.

Ба гуфтаи Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, бо назардошти афзоиши шикояти шаҳрвандон аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва барои пешгирӣ аз чунин зуҳурот, пешниҳод кардааст, ки дар ҳуҷраҳои кории полис ва пурсишгоҳҳо дурбинҳо ё камераҳои назоратӣ насб шавад.

ДОДСИТОНӢ ПУЛИСРО НАЗОРАТ КАРДАНИСТ

Ҷаноби Салимзода бар ин аст, ки дурбинҳои назоратӣ муносибати кормандони умури дохилиро бо шаҳрвандони боздоштшуда сабт хоҳад кард ва бо ин роҳ аз рӯйдодҳои ногувор ҷилавгирӣ хоҳад шуд: «Пешгирӣ ва мубориза бар зидди азобу шиканҷа ва истифода тарзу усулҳои ғайриқонунӣ яке аз самтҳои
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
афзалиятноки Додситони кул мебошад. Ба кормандон супориш додам, ки рафта утоқҳои кории кормандони умури дохили дида шавад, кӣ оварда шудааст ва чаро оварда шудааст, ҳатто санҷишҳои ногаҳонӣ дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ мегузаронем, ки бо шаҳрвандони боздоштшуда чӣ хел муносибат мекунанд, азобу шиканҷа карданд ё не.»


Дар ҳоли ҳозир дурбинҳои назоратӣ дар беруни шӯъбаҳои корҳои дохилӣ насб шудаанд. Утоқҳои кории кормандони ришта ва ҳамчунин боздоштгоҳҳо ин гуна дурбинҳо надоранд.

"ДОДСИТОНӢ ИН ҲАҚРО ДОРАД"

Як масъули баландмақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бори аввал аст, чунин пешниҳоди додситониро мешунавад ва куллан ин як иқдоми хуб аст. Вай афзуд, мушкил танҳо ба тарафи молии иҷрои ин тарҳ бастагӣ хоҳад дошт ва вазорат дар айни ҳол сармояи кофӣ барои иҷрои тарҳ надорад.

Ба гуфтаи ин афсар, ҳоло дар ҳамаи биноҳои марбут ба Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи берун дурбинҳо насб шудааст. Ҳамсӯҳбати мо ҳаққи додситониро ба назорат ва санҷиши фаъолияти кормандони умури дохилӣ тасдиқ кард.

МАВРИДҲОИ ШИКАНҶАИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ПУЛИС

Ин дар ҳолест, ки шикояти шаҳрвандон аз кормандони полис солҳои охир бештар мешавад ва аз муҷозоти гунаҳкорон камтар хабар ба нашр мерасад. Аз ҷумла чанде пеш хабари ҳалокати сокини Душанбе, Сафаралӣ Сангов ҳангоми боздошт ва бозпурсӣ бисёриҳоро такон дод, аммо то ҳанӯз ҷомеа
Сафаралӣ Сангов, яке аз қурбониёни шиканҷаи пулис
дар бораи муҷозоти омилони ин воқеа иттилоъ надорад.

Карим, як ҷавони тоҷик мегӯяд, ду бор аз тарафи кормандони умури дохилӣ боздошт шуда, ҳарду бор мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Вай меафзояд, шиканҷа ба як навъ беморие табдил ёфтааст, ки ба кормандони умури дохилӣ имкон медиҳад, ҳама гуна ҷурмро ба сари боздоштшуда бор кунанд: «Ҳамин хел мекунанд, ки мурдана ба кала мегирӣ, ҳам мезананд, ҳам гапҳои паст мегӯянд...Ҳарчанд ман мегуфтам, ки ман ин корро накардам, аммо бовар накарданд. Ахиран вакили мудофеъ ёфтам ва исбот кард, ки ман ин корро накардам ва ҳалномаро бароварданд.»

Ҳамсӯҳабати мо фурсати дар боздоштгоҳ басарбурдаашро сангинтарин рӯзҳои умри худ мешуморад.

ОЁ НАСБИ ДУРБИНҲО КОРСОЗ АСТ?

Аммо насби дурбинҳо дар ҳуҷраи муфаттишони милиса ва боздоштгоҳҳо то куҷо аз шиканҷа пешгирӣ хоҳад кард? Коршиноси тоҷик Абӯалӣ Некрӯзов мегӯяд, насби дурбинҳо ба маънои хатми шиканҷа нахоҳад буд. Дар чунин ҳолат боздоштшуда метавонад дар ҷойҳои дур аз чашми дурбин шиканҷа бинад. Роҳи ҳақиқии пешгирӣ аз шиканҷа, ба ақидаи коршинос мурооти шадиди қонун ва поккории сафҳои милиса аст: «Ҳатто агар ӯро аз чашми дурбин канортар ҳам мавриди шиканҷа қарор диҳанд, таҳдид кунанд, ки ҳақиқатро ба додситонҳо нагӯяд, барои ҳамин бояд, ки аз ин дида тадбирҳои муҳимтар ба роҳ монда шавад.»

Рӯзноманигори ҷавон, Умедҷони Саъдулло мегӯяд шиканҷа метавонад, дар маҳалҳои ғайриинтизор ва ҳангоми боздошт низ ба амал ояд: “Ин хуб аст, чаро, ки агар дар дохили утоқҳо насб шавад ҳатман пулис медонад, ки роҳбарияташ ё додситонҳо ин амали кории ӯро назорат дорад. То ин вақт он рафторҳои ғайриқонуниеро, ки нисбати боздоштшуда мекарданд, наметавонанд кард. Аммо агар танҳо дар беруни биноҳо насб шавад, ин ба манфиат нест. Чаро барои дар беруни биноҳо имконоти молӣ будааст, аммо барои дохил не.»

Насби дурбинҳо дар ҳуҷраҳои корӣ ва боздоштгоҳҳо, аз ҷониби коршиносон як иқдоми муҳим дар амри пешгирӣ аз шиканҷаи афрод дониста мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG