Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки миллӣ барои пешгирӣ аз коҳиши қурби сомонӣ дар муқобили доллар, 1 миллион доллари нақдро ба бозор ворид кард.

Ин маблағ тавассути шӯъбаҳои Бонки миллӣ ва дар нуқоти нисбатан серхаридор ба муомила гузошта шудааст. Мудохилаи молӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки 100 доллар ба 465 то 468 сомонӣ баробар шудааст. Даҳ рӯз пеш 100 доллар ҳамагӣ 448 сомонӣ буд.

ТАЛОШҲОИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ БЕҚУРБШАВИИ ПУЛИ МИЛЛӢ


Гуфта мешавад мақсад аз ин тадбир, устувор нигоҳ доштани қурби сомонӣ дар баробари доллар будааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки ин тадбир аз ноилоҷист ва самараи мусбатеро, ки давлат мехоҳад ба бор намеоварад.



Бонки миллии Тоҷикистон талош дорад, ба коҳиши минбаъдаи арзиши сомонӣ роҳ надиҳад. Намояндагони бонк мегӯянд, ки ҳарчанд фишор ба пули миллӣ аз берун аст, ғайримуқаррарӣ ва рафънашаванда нест.

Мирзомуддин Мавлонов- мудири Идораи танзими асъор дар Бонки миллии
Мирзомуддин Мавлонов, мудири Идораи танзими асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон
Тоҷикистон гуфт, дар чунин шароите, ки иқтисоди ҷаҳонӣ даргирӣ он аст, болоравии қурби доллар дар бозори пули кишвар набояд кадом воҳимаеро ба бор орад.

"АСОСЕ БАРОИ ВОҲИМА ВУҶУД НАДОРАД"

Ҷаноби Мавлонов афзуд, ки ҳамасола дар моҳи май як марҳалаи болоравии доллар дар баробари сомонӣ мушоҳида мешавад. Вале Бонки миллӣ барои ҷилавгирӣ аз идомаи чунин авзоъ тадбирҳои мушаххасро ба иҷро гузоштааст: «Тағйирёбии нарху навои маҳсулот ва захираҳои табиӣ, кӣ имрӯз мушоҳида мешавад ба асъор низ таъсир мерасонад. Бозори асъор бозорест, ки бевосита алоқаманд аст ба бозорҳои молу мавод. Яке аз сабабҳои асосиаш ҳамин аст. Инҷо омили объективӣ, субъективӣ, психологӣ ҳаст. Таъсири дохилӣ ва таъсир аз берун низ ҳаст. Ва мо намегӯем, ки ин тағйирёбӣ берун аз ҳадди эътидол бошад. Барои ба воҳима афтодан ягон асос вуҷуд надорад.»

Ҳамин манбаъ афзуд, ки ҷараёни гароншавии доллар дар бозори пули Тоҷикистон муваққатӣ буда, дар рӯзҳои наздик авзоъ ором ва мӯътадил хоҳад шуд.



Аммо вазъ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, масалан, дар шаҳри Душанбе бо ин гуфтаҳо тафовут дорад. Зеро тӯли даҳ рӯзи ахир баҳои 100 доллар дар бозори пул аз 2 то 3 нуқта боло рафт. Агар дар даҳ рӯзи пеш 100 доллар бо 448 сомонӣ бадал мешуд, ҳоло ба 465 то 468 сомонӣ мубодила мешавад.

ОЁ МЕТАВОН ҶИЛАВИ ИН РАВАНДРО ГИРИФТ?

Ҳарчанд масъулони Бонки миллии Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки бозори арзии кишвар дучори кадом таҳаввули ғайричашмдошт нашудааст, сар аз сешанбеи гузашта ин ниҳод бо ворид кардани доллари нақд ба бозор
талош дорад, суръати беқурбшавии пули миллиро коҳиш бидиҳад.

Аммо академик Нуриддин Қаюмов мегӯяд, ки тадбири мазкури Бонки миллӣ наметавонад раванди беқурбшавии пули миллиро бигирад. Зеро аксарияти маҳсулот ва махсусан маводи ғизоӣ аз берун оварда мешавад ва барои устувории арзи миллӣ тавлидоти ватанӣ нақши асосӣ хоҳад бозид: «Сабаб дар ин аст, ки иқтисодиёти мо хуб кор намекунад. Ва иқтисоди миллии мо вобаста ба иқтисоди беруна аст. Аз ин сабаб кадом як тағйироте, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мешавад ба мо таъсир мерасонад. Ин натиҷаи пеш нарафтани иқтисодиёти мо мебошад. Беқурбшавии сомонӣ мушоҳида мешавад. Беқурб, ки шуд нарх дар бозор баланд мешавад. Ба зисту зиндагонии мардум таъсири бад мерасонад.»

ДАВЛАТ ТАВОНИ УСТУВОРИИ ҚУРБИ ПУЛРО ДОРАД

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон омили равониро низ дар амри беқурбшавии сомонӣ муассир меҳисобанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, дар шароите, ки нархҳо собит нестанд, мардум талош мекунад пасандози худро бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар ҳифз кунад.

Бо ин ҳама Мирзомуддин Мавлонов, мудири Идораи танзими асъор дар Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, пули миллӣ аз соли 1995 аз замоне, ки сомонӣ вориди муомилот шуд, бо чунин мушкилиҳо на як бору ду бор мувоҷеҳ шудааст. Аммо дар муқоиса бо солҳои пешина шароити иқтисодӣ ба маротиб беҳтар аст ва давлат ин тавонро дорад, ки устувории қурби пули миллии худро нигоҳ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG